Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
нисф зиёди ҳамсабақон ба хориҷ шудани Ғаюр ҳеҷ норозигие надоштанд ва ё агар дар дил норозӣ бошанд ҳам, ҳаргиз инро зоҳир наменамуданд ва ин буздилию муросоҷӯии худро ба лоқайдӣ ва беалоқагӣ пардапӯш мекарданд. Ғаюр дуруст мегуфт: «Агар дуньёро ягон рӯз саросар бисӯзанд, маҳз, бо дасти ҳамин тоифа бетарафону муросоҷӯён месӯзанд...»
Карим-ака, Мирзо, Ҳусейн, Адолат ва Мунира дар канори сераҳа, назди ательеи «Зинат» ҳалқа гирифта рост меистоданду гоҳе ба якдигар сухане гӯянд ё саволе пурсанд ҳам, ба нияти вақткушӣ буд, зеро фикран ҳамагон ин лаҳза бо Ғаюр буданд ва чашм аз бинои онсӯи кӯчаи калон намеканданд.
— Э, зудтар барояд, намешавад, дилам ба кафидан расид-е! — оқибат бетоқатона «уф-ф» гуфт Мунира. — Адоҷон, агар ман ту барин фарбеҳакак мебудам, кайҳо торс мекафидам, — вай аз қафо Адолатро оғӯш гирифту сарашро ба китфи вай ниҳод.
— Дилата тахт дор, Мӯрча, Ғаюр зӯр баромад, гуфтан гир. Шаб дар хонаи он кас ҳамаашро гуфтем, донистанд, ҳамту, барои расмият «фардо ба идора биё» гуфтанд-дия.
— Карим-ака, Наврӯзов аниқ тағои зодаатон мешаванд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор