Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Э, бирав, барои зағӯта омадам бигӯ, яктааш оварда медиҳад. Балки худи амаки Орзумурод ҳам дар ҳамон ҷо нишастагист. Аслан, як дам даматро рост кун, бишин. Ман ягон бор зағӯта гӯён намеравам.
Занҷир хоҳиши ӯро рад карду ночор ҷониби анбори зағӯта рафт. Амаки Орзумурод замбарғалтаки зағӯтакашониашро дар таи дари «гапхона» монда, бо як гурӯҳ мардону ҷавонон чақ-чақ дошт. Хонаи зағӯтакашонро, ки доим мардони бекормонда дар он ҷо ғун гашта сӯҳбат доштанд, духтарон «гапхона»
мегуфтанд.
Баъди ба дӯкон мондани зағӯтаи нав қариб як соат кори Занҷир барор накард: аввали калоба бениҳоят чигил баромад. Оқибат дилаш заъф карду қайчии дасташро ба замин зада аз ҷояш бархост. Ин лаҳза Барфӣ-хола аз миёнарав мегузашт, ҷониби Занҷир тоб хӯрду ҳолҷӯӣ кард. Баъд ҳар ду ба азобе калобаи чигилро, ки натиҷаи ҳаромкории цехи калобакашӣ буд, ба тартиб оварданд.
Барфӣ-хола рафту Занҷир боз даст ба кору хаёлан бо моҷарои худ банд гашт: «Ҳамин Барфӣ-хола ҳам Кабирро бачаи нағз мегӯяд. Дидаю дониста маро ба оташ намезадагист-ку. Лекин ин зан ҳам саргузашти маро намедонад. Агар саргузашташро гӯяд, аҷаб не, Кабир аз нияташ даст кашад. Он гоҳ ба ин алам тоб оварданаш мушкил аст. Аммо нагуфта наметавонад.
Агар ба ӯ умедворӣ бахшидан хоҳад, мебояд ҳама сирро гӯяд. Сонӣ Кабир ин розро ба дигарон гӯяд, дар корхона чӣ хел сар бардошта мегардад?.. Вай иқдисодчӣ

пешина
аз 538
навбатӣ