Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Гашта рав, не гӯй! — Мирзо қатъӣ муқобили ин қарордод буд. — Фикр карда дидам, намешавад, гӯй.
— Не-е... Садқаи сар...
Ғаюр инро мегуфту вале дилаш афсӯс мехӯрд, ки чаро ба гапи ректор зуд розӣ шуд. Ақаллан, «фикр карда мебинам, сонӣ омада ҷавобашро мегӯям», гуфтан даркор буд.
— Рост мегӯӣ, Мирзо, ман саросема шудам, — гуфт вай дар ҷавоби Мирзо, ки аз алам худ ба худ алав мегирифт. — Хайр, шудагӣ кор шуд, пушаймонӣ суд надорад.
— Боб карданд туро! — гуфт Мирзо бо алам.— Гашта рав, ба пеши ректор даро, намешавад гӯй! — исрор кард ӯ. — Бесабаб як сол...
— Не-е... Чӣ тавр аз қавлам мегардам?! — Ғаюр бо табассум сар ҷунбонд. — Намешавад. — Баъд ба рӯи ҳар яке алоҳида-алоҳида нигариста, бо меҳр табассум кард. — Шуданӣ кор шуд, ҷӯраҳо...
— Гашта ба пеши ректор дароед, — Карим-ака ҳам сухани Мирзоро дастгирӣ кард. — Ҳеҷ ҷои айб нест. Ин кори ҳазл не... Аълохонро дар синфаш монондан чӣ маънӣ дорад?! — вай китф дарҳам мекашиду дастони бузургашро ба ду тараф мекушод.
— Аз шумоён миннатдорам... Аз ёдам намеравед... Ман хеле хато доштаам, акнун фаҳмидам. Ба қадри шумо нарасидам, ана, барои ин афсӯс мехӯрам. Ҳайфо, ки дигар як ҷо нишаста дарс намехонем... Ана, ҳаминаш алам мекунад. Аз

пешина
аз 538
навбатӣ