Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ростӣ... — Дар чашмони Ғаюр ашк чарх заду аз ҳаяҷони худ дар хиҷолат шуд ва ба замин нигариста хомӯш монд.
Мирзою Карим-ака ҳам дар изтироб афтода, чӣ гуфтанашонро намедонистанд. Мирзо ҳанӯз умедвор буд, ки дукаса Ғаюрро розӣ мекунанд, то дигарбора ба назди ректор дарояд.
— Ҳой, Ғаюр, чизе надорӣ, то онро ту бой диҳӣ...
Чӣ ҷои андеша!.. Бираву бигӯ, ки фикр карда дидам, намешавад. Ман худро бегуноҳ мешуморам ва талаб дорам фармонатонро мансух кунед. Ана, ҳамин ду ҷумларо бигӯю хап шин. Ана, сонӣ ҳамроҳ дарс ҳам мехонему имтиҳон ҳам месупорем. Хез, зудтар бирав!
— Не, қавли мард дута намешавад. Дуруст мегӯед, маро бо суханони ширин фирефтанд ё ақламро дуздиданд, худам ҳам ҳайронам. Лекин барои як сол аз қавлам намегардам. Қавлу виҷдон — якумрӣ аст, охир. Ба ғайр аз ин, ман акнун донистам, ки агар диплом бигирам ҳам, аз дастам ҳеҷ кори дуруст намеояд. Муросокорию хушомадгӯӣ карда наметавонам... Сабилмонда виҷдон халал медиҳад, дар сари ҳар қадам маро пешпо медиҳад.
Ин бори ноҳинҷор катӣ ба куҷо мерасам?! — Ӯ ин суханонро ба майли хотир мегуфту ба рӯи дӯстонаш алоҳида-алоҳида нигариста табассум мекард ва маҳзун сар меҷунбонд.
— Ҳамин як зарра бебарорӣ аллакай туро аз мувозанат баровард?! — Ба истеҳзо теғ кашида ба Ғаюр нигарист Мирзо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор