Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан— Беҳтараш... Ман ба деҳа мераваму тӯй сар мекунам... Хабар мерасонам ба тӯйи ману Лола ҳамаатон меоед.
— Ҳозир гуфтанӣ будам: агар ту нагирӣ, ҳамон духтарро ман мегирам...
Табассуми ширину хаёлангез дар чеҳраи Ғаюр гул мекард.
Дӯстонаш ба шодмонии вай шарик набуданд, зеро онҳо маънии хушҳолии ӯро ҳанӯз ҳам равшан намефаҳмиданд, ба дурустӣ идрок намекарданду дар дил васвосию ҳардамхаёл меҳисобидандаш.
Дарвоқеъ барои дарк кардани хушнудии вай мебоист, ки саргузашти ӯро аз сар гузаронд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор