Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Не! Агар ин воқеа рӯй намедоду ман донишгоҳро тамом карда мерафтам, гумонатон кори хуб буд? — Ғаюр ба ҳар ду рӯ оварда савол карду худ дар ҷавоби саволаш ба инкор сар ҷунбонд. — Ҳаргиз! Бадбахту берӯзӣ мегаштам, кӯрдилу носипос мемондам! — Таъкид дошт вай. — Як солро аз даст додаму дар ивазаш шуморо ёфтам!
Шумо тамоми умр аз манед, бо ёди шумо, бо меҳри шумо... Э-э, аз афти кор, қисматам ҳамин будаст...
Ситораи наҳс ҳар замон маро аз пой меафканад, аммо мағлуб карда наметавонад.
Карим-ака ин суханони ӯро шунида, дар изтироб аз ҷояш парида бархосту назди тиреза рафт ва лаҳзае дилтанг ба берун нигариста истод. Сонӣ чи фикре ба ёдаш расиду барқосо якбора ба қафо нигаристу ба Ғаюр рӯ ба рӯ рафт.
— Бигирем, ки сухани моро ба замин мезанӣ, мо барои ту беэътиборем, — гуфт вай озурдахотир ба чашми Ғаюр нигариста. — Ба хотири ҳамон духтар, барои он, ки Лоларо ноумед накунӣ, як бор баргашта ба назди ректор даро! Агар ту донӣ, дар ин моҷаро аз ҳама бештар Лола ранҷ кашид.
Азбаски ту ин розро ба вай як даҳан нагуфтӣ, вай сахт малолат кашид, аммо дар канор тамошобин набуд: Наврӯзов тағои ман не, тағои вай аст. Вай аз тағояш хоҳиш кард, то арзи туро шунида, мусоидат кунад.
Ҳамагон «ҳа-а-а» гӯён лаҳзае даҳон во намуданду баъд Мирзо ба Ғаюр нигариста, муште ба рӯи миз зад, аммо Ғаюр ба вай имкони даҳон кушодан надод.

пешина
аз 538
навбатӣ