Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Не, дер шуд. Аз физикаю математика, химия, ҳатто аз таърих ҳам баробари бачаҳои синфи панҷу шаш дониш надорам. Мебояд, ки сараввал синфҳои ҳашту нӯҳу даҳро такрор бихонам. Дер шуд. Ҳавсала ҳам надорам.
Ман аз Бадалбек халосӣ ёбам, бас аст... Мегӯянд, ки чор-панҷ сол пеш аз ин ҷиянаш мошини сабукраваш катӣ як шомгоҳон дар роҳи район, наздики деҳаи Чорсада пирамардеро зер карда гурехта будаст.
Мӯйсафед аз арғамчини модаговаш гирифта аз канори раҳ меомадаст. Шабошаб Бадалек рафта дили хешовандони марҳумро ёфтааст, «пирамардро гов шох заду мурд» гӯён ҷиму им ба хок супоридаанд... Кӣ ин хелҳоро лаҷом зада метавониста бошад? Суду прокурор ҳамтабақи доимиаш, назорати халқӣ ҳам.
Рӯзноманигорон чӣ? Вазирон метавонистагистанд. Эҳ, агар ягон хеши наздикамон вазифаю мартабаи калон медошт. Не, мартабадорон ҳам аз сояи худашон меҳаросиданд, ба ин хел ҷанҷолҳо ҳаргиз ҳамроҳ намешудаанд. Ирина ҳамин хел мегӯяд...»
Занҷир бо донишу ҷаҳонбинии бештар аз сӯҳбати ҳамхонаҳо бардоштааш ҳанӯз ба ҳалли ин муаммоҳои сарпечи рӯзгор оҷиз буд. Ҳоло медид, ки дар шаҳр, ҳатто дар ҳамин корхонае, ки имрӯз кор мекунад, Бадалбек баринҳо набошанд ҳам, нобакорони ба вай монанд ҳастанд, вале ҳеҷ кас таноби онҳоро кашида наметавонад. Тааҷҷуб мекард, ки дар корхона садҳо одамони дилҷӯю некирода кор мекунанд, ба ҳеҷ кас зиёнашон намерасад, омадурафти онҳоро пай намебаред, аммо Девонаи Даҳандарида баринҳо се-чор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё