Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд ба тарзи худ эзоҳ дод: — Барои он чормех кардаанд, ки ба ин муносибат ҳар сол як бори дигар ид кунем. Якуми январь рӯзи мавлудашро ид мекунем, имрӯз...
— Мурдани пайғамбарата ид кардана шавҳар кунӣ, намешавад, тӯй мехӯрем, — гуфт Занҷир ин дафъа китобро рӯи синааш ниҳода.
— Шавҳарони моро Малика Арақбону бероҳа кард, Занҷири азиз. Шишаи арақро бағал гирифта хоб мекунанд. Ҳолӣ ту шавҳар кун, агар пушаймон нашавӣ, сонӣ мо ҳам боз як бор толеъамонро месанҷем, — гуфт Салима.
— Э, ҳазла мону бигӯ чӣ ташвиш дорӣ? — исрор кард Занҷир. Аз дилаш гузашт, ки ҳамхонаҳояш аз омадани Кабир огоҳанд. — Кабирро шумо даъват кардед? Ба хонаатон меравам гуфт.
— Хайр, ин чӣ бадӣ дорад? — гуфт бепарво Салима аз кораш сар набардошта. — Ин ҳам ба ту намефорад?
А?
— Намедонам... Ба гумонам қулфи як дарро алҳол ҳар ду бо ду хел калид кушоданием.
— Парво накун, хезу созу бозата кун. Ба дасти ҳар ду як хел калид медиҳам! Калиди тилло медиҳам! Лекин сонӣ ин хизмати моро фаромӯш накун, духтар, — чашм хобонду маънидор таъкид кард Салима. — Аз тақдирам гардам гӯён чашмата равған нагирад. Аз ёдат набарояд
— ба тақдир ҳам тақдирҷунбон даркор аст.
— Дуруст мегӯяд, моро фаромӯш накун, — ҳамовозӣ кард Ирина.— Агар ягон хешу табори одамшавандааш бошад, ман розиам ки зани дарбони фабрик барин сирф

пешина
аз 538
навбатӣ