Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Мекушад. Дар деҳаи мо як мардак арақ хӯрдаарақ хӯрда, дар сари дастархон мурда буд. Гуфтанд, ки
ӯро арақ кушт.
— Хуб, бас кун. Ба ту гир гуфтанд, гир, — қаҳраш
омаду итоб кард Ирина. — Нозу нузи бемаврид...
— Намемонӣ... дар назди Кабир ако камтар
сипоҳигарӣ кунам. Духтари қишлоқӣ нозу адоро ҳам
намедонад мегӯянд, — гуфт Занҷир чашмонашро ба ноз
гардонда, ба тақлиди духтаракони нозпарвард
овозашро маҳин карда, печутоб хӯрда.
— Ҳой, бас! — дилтангона дод зад Салима.— Гир,
қадаҳатро холӣ кун. Нозу нуз ҳам агар аз ҳаддаш
гузарад, бӯи пилла барин ба дил мезанад.
Ҳама ба рӯи Занҷир мутаваҷҷеҳ буданд.
— Маро маҷбур накунед, духтарҳо, хӯрда
наметавонам. Ҳурмати нон, — якбора симои аслии
худро гирифту ҷиддан хоҳиш кард Занҷир.
— Не, мегирӣ. Намемонам. Кабир барои ту ба хонаи
мо ояду...
— Ман катӣ агар шаробхӯрӣ омада бошанд, дигар
наоянд, — гуфт Занҷир бепарво.
Ин суханони густохона ба деги ҷӯшон гӯё оби сард
рехт. Ҳама хомӯш, лаҳзае аз хиҷолат ба рӯи якдигар
нигариста натавонистанд. Кабир дар як вазъи ноҳинҷор
хиҷолатомез табассум менамуду бо рӯмолча лабонашро
пок мекард. Вай ду-се бор даҳон ҷуфт карду сухане
гуфтан хост, аммо нагуфт. Салима бо қаҳр даст
афшонду аз Занҷир рӯй тофт.
— Худо агар одама задан хоҳад, аввал ақлашро
мегирад.

пешина
аз 538
навбатӣ