Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз чӣ бошад, ки нигоҳи ин зан ба Занҷир хуш наомад, лаҳзае андешид, ки ӯро дар куҷо дидааст, аммо ҳеҷ дар ёд надошт. Бархосту дарро кушода, ба долон нигарист, он зан аз зина поён мешуд.
Вай алҳол рози дили худро ба Кабир гуфтан намехост, ҳанӯз ӯро ба худ ҳамрозу ҳамдард намедид, аммо метарсид, ки дили ҷавонро шубҳазор мекунад.
Оқибат ба умеди он, ки аз гап гап мебарояду шояд, ки чорае биёбад, Занҷир гуфт:
— Ман шуморо ҳурмат дорам, лекин барои муҳаббати худро бахшидан ин кам аст. Муҳаббат аз дӯстӣ бармеояд мегӯянд, намедонам дуруст аст ё не.
Албатта, аз як бор дидан ҳам ошиқ мешаванд, аммо ба фикрам, ин хел ишқ дар замони мо кам будагист.
Бесабаб дилатонро алағда накунед — ман аз хонаи шавҳар ё аз побандии падару модар нагурехтаам. Барои як кори дупула... Як нокас рафтори таҳқиромез карду аз сари қаҳру ғазаб ё ситеза аз деҳа баромада омадам.
Лекин ба гумони дигар наравед, ман бо ҳеҷ кас ишқбозӣ накардаам. Бо ҳеҷ кас, — ба таъкид такрор гуфт ӯ.
Кабир, ки ҳоло суханони вайро саропо гӯш гашта мешунид, филфавр савол кард:
— Равшантар гӯед, Занҷир. Ин ҷо деҳа не, ба ин хел гапу кори майда-чуйда ҳеҷ кас эътибор намекунад. Чӣ ҳодиса шуд? А?
— Ҳеҷ... — даст афшонд Занҷир. Вале вай пай бурд, ки баъди нӯги гапро кушодан, ҳамаро гуфтан лозим аст.
— Гӯед, — зорӣ дошт Кабир. — Илтимос мекунам, аз ман ҳеҷ чизро руст накунед.

пешина
аз 538
навбатӣ