Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Бадалбекро дида, чӣ мекунед? А? Мекӯбед? — сипас ба ин саволи худ гӯё ҷавоб медода бошад, тахминашро рӯирост баён кард: — Не, барои аз вай қасоси маро гирифтан намерафтагистед? Ҳамин тавр не, Кабир ако? Албатта, агар даркор бошад, аз одамон пурсед, фаҳмед, ба ман фарқе надорад. Ҳанӯз ман ба шумо розигӣ надодаам, умедвор нашавед. Лекин аз барои ман дар деҳа ягон гапу ҳодиса барнахезад.
Илтимос... Барои қасоси ман наравед, — ӯ калимаи «ман»-ро шиддатноктар гуфту ба чашми Кабир нигарист
— матлабро фаҳмидани ӯ аён буд.
— Шуморо агар нагирам, ман бадбахт мешавам,
— Афтатон бадбахт мешудагӣ барин не. Ё ин ки ба ин хел бадбахтиҳо хӯ гирифтагӣ баринед.
— Ҳазлро монед, ман бе шумо наметавонам. Барои ҳамин ҳам қасоси шуморо мегирам. Агар шумо муҳаббати маро рад кунед ҳам, сазои ӯро медиҳам. Агар ин корро накунам, дар дилам ҳасрат мемонад. Як умр ин беғайратию безардагиамро ба худ намебахшам.
Фаҳмидед?
Занҷир тамкин нигоҳ дошту ин бор хомӯш монд ва оҳиста китф дардаҳ кашид. Нигоҳи вай ба нуқтае дӯхта шуд. Вай ҳеҷ дар тасаввур оварда наметавонист, ки Кабир аз Бадалбек чигуна қасос мегирад. «Наход, ки кӯбокӯб кунад? Не, ин кори аҳмақона аст. Чӣ кор мекунад? Одамони доною зирак кӯбокӯб карда қасос намегиранд, балки ба рақиби худ номаълум зарбаи ҳалокатовар мезананд, морро бо дасти дигарон

пешина
аз 538
навбатӣ