Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мекушанд. Ирина ҳамин тавр гуфта буд. Кабир чӣ хел қасос мегирифта бошад? Кӯбокӯб намекунад. Ҳеҷ намехоҳам, ки дар деҳа боз гапи ман барояд. Худо нишон надиҳад. Аслан, ман ба вай аҳмақ қасд-паст надорам. Хуб, дастамро дошт, барои ҳамин қасос? Он замон гӯл будам... Аммо Кабир гӯл не-ку, чаро қасос мегирам мегӯяд? Ё ҳамту, ҳавои даҳан мекунад, кӣ медонад?! Аҷаб не, Бадалбек гӯям, гумон дорад, ки як қишлоқии аноӣ аст, аз дӯғу пӯписаи вай метарсад.
Бечора бехабар аст, ки ӯ вай барин ҷавонҳои шаҳриро ба дарьё ташна бурда, ташна меорад. Эҳ, мехостам, ки шавҳарам аз ман донотар, ба ақлу ботадбир бошад, дар ҳар кор аз вай маслиҳат пурсаму ба ақлу тадбираш қоил шавам. Албатта, ҳамаи мардон донишманд нестанд, баъзеашон дар хонадон ақли зан қатӣ кор мекардаанд.
Аммо ман мехоҳам, ки шавҳарам дар ҳар бобат раҳбалади ман бошад...
— Шубҳа кардеду ман ба шумо саргузаштамро гуфтам. Намехоҳам, ки боз дар деҳа гапи ман бархезад.
Ман, шахсан, ба Бадалбек ҳеҷ хусумат надорам.
Дастамро дошт, ҳамин ҳам гап шуд? Хайр, барои мардуми деҳа гап аст. Агар ҳатман диданӣ бошед, метавонед, ки ӯро дар шаҳр ҳам бубинед. Қариб ҳар моҳ меояд. Ба назди ман ҳам меояд, — гуфт Занҷир то ки ҳеҷ чизро аз Кабир пинҳон надошта бошад. — Моли колхозро оварда, ба гӯшт месупорад, боз дастьёри калонони район аст, ташвишаш мӯл...
— Ба ин ҷо омад?.. Ба хобгоҳ? — чашмони Кабир қариб аз косахона берун баромаданд. Овозаш дигаргун садо дод, ки инро нафақат Занҷир, балки худаш ҳам пай бурд.

пешина
аз 538
навбатӣ