Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Сад задани сӯзангар — як задани оҳангар аст, додоҷонам!.. Аслан, сабаби беқадрии касбу ҳунар, ихтисос, чӣ бошад? Чаро коргару муаллими пурҳунар эътибор надораду устои мошин ё мудири магазинро аз онҳо пеш мегузаронанд? Инҳо серпул, инҳо ҳоҷатбарорӣ карда метавонанд. Хуб, агар ҳамин усул давом кунад, оқибат чӣ мешавад, ба куҷо мерасем? А?.. Оянда чӣ ҳол мешавад, агар дониста кор кунад, одам фиреб намехӯрад.»
— Хуб, гап зан Кабир, чӣ мегӯӣ? То кай сабр карда шинем? — сухани падар риштаи андешаҳои Кабирро канд.
— Ман отпуск мегираму як бор ба деҳаи ҳамон духтар равам, додо, сонӣ маслиҳат мекунем.
— То кай кор карда мегардӣ гуфтаниам? 140 сӯм қатӣ умратро мегузаронӣ. Туфлии поят — 60 сӯм, писарам!
— Пул намегурезад, додо, — гуфт Кабир аз дастархон чашм набардошта. — Монед, ман зӯр зада бинам. Бачаҳо даҳ-понздаҳ сол ба моҳонаҳои садсӯмию саду бистсӯмӣ қаноат мекунанд, то ки ба мақсад расанд.
Баъди ба як ҷо расидан қусури даҳ солро дар як сол мебароранд. Як бор ба доираи баланд дароед, бас, то зиндаед, шумо паст намефуроед.
— Хайр, ман ин доираю усули туро намедонам. Он хел одамон ба мо корафтода намешуданд.
— Ҳа, ана ҳамин хел, ман ҳам мехоҳам, ки ба ин майдасавдогарони шумо мутеъ набошам. Аз ин бист сол пеш як директори корхонаамон вафот карда будаст. То

пешина
аз 538
навбатӣ