Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳол фарзандонаш ба зару зевар ғӯтида мегарданд. Як ҷӯраи сирдонам гуфт, ки ҳоли чандин сандуқ моли кушода надидагиашон ҳаст. Шумо бошед караму картошка гуфта мегардед.
Нақли мухтасари сӯҳбати имшабаи онон агар такрору руҷӯъҳои нолозим ва «Эҳ-ҳа! Ӯҳ-ҳӯ!» - ҳои беҳисобро мансух созем, чунин буд ва ба ҳамин сурат идома дошт. Амаки Исмоил, ба тарзи худ, ҳар чӣ зудтар чашми писарро ба зиндагӣ кушодан мехост, ғаразаш ин буд, ки Кабир пульёб бошаду дар зиндагии ӯ миёнашро сахтакак баста гирад, зеро амин буд, ки пулу мол фарзанди одамиро аз ҳама офатҳо балогардон аст.
Бинобар он ҳам, ба дастархон фотиҳа хонда, пас аз талаби мағфират доим ниёиш дошт, ки халлоқ ӯро ва аҳли хонаводаашро сиҳатӣ, хотири ҷамъ ва барори кору бениёзӣ диҳад, бас аст, дигар ҳамаро ба пул харидан метавонанд.

  1. Имомалӣ

Баъди аз деҳа рафтан Занҷир ҳар сари вақт ба хонаашон мерафт, аммо омадурафти ӯро аз ҳамдеҳагон аксар ҳеҷ кас намедид. Шомгоҳон, аз деҳа ним фарсанг дур, дар роҳи калон аз мошин мефуромаду аз пайраҳаи миёни пахтазор меомад ва субҳи барвақт боз бо ҳамон роҳи бекас ба шаҳр бармегашт.
Аз ҳамдеҳагон ҳанӯз ба таъна монанд сухане ё ишорате нашунида ва надида бошад ҳам, ҳар бор аҳли хонавода чӣ гуфтани одамонро начаккондаю нарезонда ба вай мерасонданд. Дар пахтазор занону духтарон чиҳо мегуфтанд, дар ферма аз ваҷҳи ӯ чӣ гуфтугузоре мегузашт, асосан, ба вай маълум буд, бинобар он ҳам, ҳеҷ касро дидан намехост.

пешина
аз 538
навбатӣ