Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
хотирҷамъ дар ошхона ҷунбуҷӯл дошт, зеро медонист, ки аз занҳо имшаб ҳеҷ касро намебинад.
Меҳмонон таомро хӯрданду аз миён дастархонро бардошта, пойҳоро дароз карданд. Сарони деҳа дар вазъи чойхӯрӣ оид ба сарфу хароҷот ва тартиби тӯй ба соҳибхона чанд савол дода, вазъи ҳолро фаҳмиданд, як тойину як гӯсфанд куштани ӯро шунида, маъқул карданд, сонӣ чанд маслиҳати дигар доданду бархостанд. Баъди саранҷоми корҳои асосӣ наздикони хонавода ҳам хайрухуш карда рафтанд.
Баъди ҳама рафтан ногаҳон дар рӯи ҳавлӣ Шогадо пайдо шуду аҳли хонадон бо ҳайрат ба ӯ рӯ ба рӯ баромаданд. Имомалӣ пеш рафт.
— Ҳа, ба хайр, акаи Шогадо? Тинҷед? — ба авзои меҳмони бемаҳал зеҳн монда нигаристу баҳри вохӯрӣ даст дароз кард Имомалӣ. — Кадом шамол парронд?
— Шамоли тӯй-да... Муборак... Хуб, тинҷед, охир?
— Ҳа, шукр. Барвақттар наомадед... — Имомалӣ дар тааҷҷуб чашмаш ба даҳони Шогадо буд.
— Андак ба ту гап доштам.
— Ба хона дароед.
— Не. Дар ҳамин чорпоя шинем, — Шогадо ба чорпояи зери тути балхӣ ишорат кард. — Ду даҳан гап...
Як кас таъин кард, қарз намонад, гӯям...
— Хӯш-хӯш?
Шогадо чи навъ сухан сар карданашро андешида, лаҳзае хомӯш монд. Занону бачаҳо ба хонаҳо даромада сокит шуданд. Дар оғил модагов оҳиста «ҳу-у» гӯён овоз баровард. Аз ҳавлии ҳамсоя хурӯсе пар афшонду дурудароз ҷеғ зад. Саг ғишингос зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё