Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Чӣ воқеа, тинҷӣ охир? — тоқаташ тоқ гашту боз пурсид Имомалӣ.
— Тинҷӣ... Оши маслиҳати тӯй будаст... Бадалбекро нагуфтӣ, хуб накардӣ. Кина нагирӣ, хуб аст, — гуфт оқибат Шогадо ба овози аз ҳамешагиаш ҳам пасттар.
— Барои ҳамин омадед?
— Не. Аз ман хафа нашав... Бадалбек фиристод. Ягон ёрдам лозим бошад, гӯй. Вай як тойинро тӯёна оварданӣ.
Ҳар ду ҳам ба гузашта салавот гӯед, вай ба баҳонаи тӯй оштӣ шавем, мегӯяд. Дасти оштира нагардон, ҳеҷ барака намеёбӣ. Вай ба Занҷир қасдона кор накардаст. Хайр, нағз дидаст, вақти мастӣ худаша дошта натавонистаст.
Ҳозир ҳам вай тайёр аст, барои Занҷир бо сараш чоҳ канад...
— Хайр, бас, акаи Шогадо, — гуфт Имомалӣ бетакаллуф, ту-тукунон сухани ӯро бурида. Азбаски вай ҳаргиз одати суханбурӣ надошт, Шогадо бо тааҷҷуб ба чашми ҳамсуҳбаташ нигарист. — Мақсади омаданатро фаҳмидам. Ба хӯҷаинат рафта гӯй, агар дуньё чаппаю роста мегашта бошад ҳам, ман вай катӣ ҳамгап намешавам. Касе, ки имон надорад, виҷдон надорад, чӣ инсон аст?! Худо хоҳад, ҳолӣ ҷазою сазои кирдораша мебинад. Аз духтараш мебинад, аз писараш мебинад.
Аллакай аз шаҳр хабараш меояд...
Имомалӣ заҳри алами як сол боз аз ваҷҳи духтар дар синааш ғун шударо ба Шогадо якояк гуфта, дилашро холӣ кард. Ба ин қадар сухангӯии вай на фақат Шогадо, балки аҳли хонавода ҳам, ки аз дару тиреза онҳоро мушоҳида мекарданд, ҳайрон буданд.

пешина
аз 538
навбатӣ