Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

монанди як пора латтаи сурх овезон ба дили ҳардуямон ҳам

ба якборагӣ даҳшат овард.
Байни онҳо ҳамагӣ биступанҷ-сӣ метр масофа монда буд.
Хирс қасди аз роҳ баргаштан надошт. Милтиқи думилаи саркор ҳоло аз мо дида ба хирс наздиктар, дар болои кӯрпаву бистар буд. Саркор ҷуръати пеш рафтан накард.
— Ҳо-ҳо-ой! — то ҷон дошт бо даҳшат фарёд кард Шариф-амак.— Ист!.. Ист, мегӯям!.. Канӣ ист!.. Ба ту мегӯям! — пойҳояшро ба замин кӯфта, то метавонист бо овози баланд даҳшат кард саркор.
Хирс аз мо чашм наканда ҳарсоскунон наздик омаду дар пеши асбобу анҷом истод. Аз дилам гузашт, ки шояд дастомӯз бошад-а! Аз хонаи касе ё сирк фирор карда бошад? Аммо ин хаёли ширине буд, бағоят содалавҳона ва худаш ҳам зуд аз ин фикр баргашт.
— Ҳой, Михаил Патапич, ку ба раҳат рав! Ба ту мегӯям, полвон! Ҷон, Михаил Патапич, рав, ҳӯ-ӯ, ба кӯҳҳои баланд рав. Бирав, садқет шавам, полвон, — саркори бечора бо имою ишора кӯҳҳоро нишон дода, зорӣ мекард амак.
Агар вақти дигар бошад, ба ин оҳангу авзоъ “Михаил Патапич” гӯён тавалло кардани саркорро шунавам, аҷаб, не, аз ханда рӯдакан мегашту ба замин ғел мезад. Аммо ҳоло, хавфи ҷон дар пеши чашмаш, ба лаб ханда меояд-чӣ! Дирӯз яке аз геологҳо мегуфт, ки чӣ тавр хирс бо як даст задан ғуноҷинеро куштаст.
Шариф-амак бо ҳар усуле мехост бо хирс сулҳ бандад, ӯро ба муросою мадоро ташвиқ мекард, чун дигар роҳе ҳам вуҷуд надошт.
Тасодуфан чашми ҳарсеямон ҳамзамон ба милтиқи думилае, ки рӯи бистар буд, дӯхта шуд. Аз дилам гузашт, ки наход хирс чӣ будани милтиқро донад?! Ин фикри маро ӯ дарк

пешина
аз 192
навбатӣ