Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

намудагӣ барин, ин дам хирс чанг зада милтиқро гирифту
беихтиёр худамро ба қафои чодир кашидам. Нафаси Шарифамак ҳам ба дарун заду дигар овозе набаровард.
Хирс милтиқро ин сӯ-он сӯ гардонда диду шикастан хост
магар ба санг зад. Ба як задан нашикаст. Дигарбора бо қаҳр
зад. Садои тир ғайриихтиёр маро ба замин хобонд. Шарифамак фарёд зад:
— Хоб кун!
Лаҳзае ҳама ҷо хомӯш монд. Баъд ғурунгоси норозиёнаи
саркорро шунидаму оҳиста бархоста нигаристам, ки аз садои
тир худи хирс ҳам ҳаросида гурехта он сӯтар рафтаст. Вай боз
чор-панҷ қадам қафо рафту мо нафаси сабук кашидем. Аммо
полвони саргашта боз аз роҳ истоду фукашро ба ҷониби мо
ёзонда, бӯйгирӣ кард ва ба “тамошо”-и мо машғул гашт.
— Аз рӯи ман маҳ дидӣ-ё, исқот?! — ғурунгос зад Шариф-амак.
Баъди он ки туфангашро хирс шикаст, димоғи ӯ бағоят
сӯхта буду ҳатто хавфи ҷон ҳам ба назараш наменамуд. Ин
ҳол маро оташин кард, аммо гап назадам.
Хирс фурсате биистоду дубора ба сӯи мо ҳаракат карду
қариб буд, ки ман роҳи гурезро пеш гирам. Дар ин гуна кӯҳсор аз хирс гурехта халосӣ ёфтан амри муҳол буданашро донам ҳам, инстинкт ва ирсият кори худро мекардааст. Ин
дафъа ҳар ду ҳам саросема гаштем. Ба сари ин ҳайвони аҳмақ
чӣ фикре омад, ки рост ба сари мо меомад. Ҳар ду сахт тарсидем. Хирс ҳамагӣ даҳ-дувоздаҳ қадам дуртар аз мо меистоду боз фукашро дароз карда ин ду тан фарзанди одамизодро бӯй мекашиду аз онҳо чашм намеканд. Гӯё пурсидан мехост, чаро онҳо ба ин ҷо баргашта омадаанд, чӣ мехоҳанд?
Чаро оромию хомӯшии кӯҳистони ӯро бо инфиҷорҳои ваҳм-

пешина
аз 192
навбатӣ