Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

он дасти сой, пеши замини рӯйидаричаамон.
Бобоям дар офтобрӯ ҷули харашонро дӯхта менишастанд. Он кас ҷонвари ёфтагиамонро пасу пеш гардонда диданду гуфтанд:
— Кучукбача-ку.
— Ура, кучукбача! — Ман онро гирифта сӯйи ҳавлиамон
тохтам.
Салим бо фиғону ҳаёҳу аз қафо омад, ки сагча азони вай
аст, чунки онро вай ёфт. Мо аз ин хусус зуд ба сари муросо
омадем: сагча аз ҳардуямон. Медонистем, ки аздусар онро ду
ҳис карда намешавад ва ягонтаамон аз он даст намекашем.
Ҷое, ки ба ғайр аз муросо дигар чора нест, талош бефоида
буданашро мо нағз медонистем.
Сагбачаро дарҳол шуста пок-покиза кардем. Ало будаст,
Алопар ном додем. Ҷонвар аз гушнагӣ қариб ба мурдан
расидаст. Мо аз лойдон гирифта ҷойи он, ки хӯрокаш диҳем,
ба муқаррар кардани зоту зурриёти он машғул будем. Бечора
чунон ба ширу нон дарафтод, ки...
Баъд барои Алопар дар ҳавлӣ аз сангу лой хонача сохта,
ба тагаш пахоли мулоим андохтему аз болои пахол як порча
пӯстаккӯҳна партофтем.
Ману Салим ба куҷо равем, чӣ кор кунем, Алопар ҳамроҳ буд. Афтону хезон мерафт, агар бишинем, мешишт, тозем,
метохт, баъзан аз ягон чиз хурсанд, баъзан аз рӯбарӯшавӣ бо
ягон ҳайвон дар тарсу ҳарос. Ҳамроҳи мо Алопар ҳам камкам калон мешуд.
Як моҳ нагузашта вай одамони атрофамонро аз бегонагон фарқ мекард. Агар аз ҳамсояҳо касе ё хешу табори наздик
ба ҳавлӣ дароянд, як-ду бор аккос зада, моро хабардор мекарду бас. Не, агар ягон одами бегона ё ба вай ношинос да-

пешина
аз 192
навбатӣ