Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

рояд, то аз хона баромада “хап шав” нагӯем, ором намешуд.
Алопар ҳатто молҳои моро аз моли бегона фарқ мекард. Ҳар бегоҳӣ чун рама омад, модагов ва чор бузи мо ҷудо шуда ба ҳавлӣ медаромаду моли сиёҳ ба сари мехаш, моли реза ба қӯтанча мерафт. Агар ягонта мол қоидаро вайрон карда, ба тарафи дархона ва гӯшаи ниҳолу гулзор гузаштанӣ шавад, Алопар валвала сар мекард. Махсусан, агар ба ҳавлӣ моли бегонае дарояд, то онро аз дарвоза берун наронад, Алопар ором намегашт. Аккосзанон, баъзан тарсону ҳаросон аз қафои он мол метохт, таҳдид мекард, зорӣ менамуд, то ки зудтар аз ҳавлӣ барояд. Шаби аввали як сар гӯсфанди ҳисорӣ хариданамон саги бечора шаби дароз хоб накард, хавотир буд. Гумонаш, ин моли бегона моро фиреб дода ба ҳавлӣ даромадасту қасде дорад, нимишаб ё вақти саҳар, ҳангоми хоби ғафлати мо ягон нобакорие карданист.
Алопар ба очаам бағоят маъқул афтода буд. Хусусан, баъди як воқеа ғамхории он кас ба сагча афзуд, ҷонвараки дастнигарро назарашон гирифт ва ҳароина ҷонибдорӣ мекарданд. Воқеа ин тавр рух зад: он солҳо дар деҳаи мо на электр буду на яхдон. Мо ҳатто номи яхдонро нашунида будем. Не, хато кардам, бибиам ҳикоя карда буданд, ки пеш аз инқилоб ва колхозӣ дар деҳа баъзе давлатмандон ва ҳалвопазон таҳхонаи чуқури зеризаминӣ кофта, зимистон дар он барфро ғун мекардаанду аз болояш хок мепошидаанд. Он барф дар тобистон кам-кам об шавад ҳам, тамом намегаштаст. Таҳхонаи барфдор вазифаи яхдонро иҷро мекардаст. Ба ғайр аз ин, дар саратон аз барфи он яхобу яхмос, ҳалвою нишаста месохтаанд... Сари суханам чӣ буд?.. Ҳа, дар деҳаи мо он солҳо на яхдон буду на электр. Дӯкони гӯштфурӯшӣ ҳам набуд. Одати мардуми мо чунин аст: ҳар хонавода ягон буз ё гӯсфандашро

пешина
аз 192
навбатӣ