Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
БЕРАҲМ
Амаки ман дар кӯҳсор, дар деҳаи кӯҳнаамон иқомат
доранд. Ҳама ба водӣ кӯчиданд, аммо он кас бо хонадони худ
дар кӯҳсори камзамину нообод монданд. Дар хонаашон ҳанӯз
ҳам чароғи электр нест, роҳи мошингузар ҳам надоранд. Бо
вуҷуди ин, мегӯянд, ки водӣ ба ман чӯт намедиҳад. Боре ман
сабаби ба он кас чӯт надодани водиро пурсидаму амакам
буруташонро молида-молида гуфтанд:
— Аз бозе ки ақлама шинохтам, ман — галабон... Дар
водӣ чӣ кор мекунам? Одамизод обу нон катӣ зинда не,
додарам, кор катӣ, касбу амалаш катӣ зинда аст.
— Дар водӣ ҳам асп ҳаст, гала ҳаст. Марғзори дарёбодаш аз гирди алафзори Фазилмон намемонад.
— Э-э, чор аспи яғири боркаш катӣ гала мешавад?! — тамасхур карданд амакам. Сонӣ пайрави гуфтаҳояшон шарҳ доданд: — Аввало ҳавои водӣ гарм аст, ба асп созгор не. Сониян,
ҷое, ки пахтакорӣ мекунанд, ба гала ва дигар соҳа кам эътибор медиҳанд.
— Асри мо асри мошин аст, амак, даври кибернетика! —
таъкид кардам ман. — Асп хоҳу нохоҳ аз даҳон монд.
— Ҳолӣ барои дар кӯҳистон гаштан мошин набароварданд, киштукори кӯҳпоя бе барзагову асп намешавад.
Худат мегӯӣ, наваду се фоизи республикаи мо кӯҳсор аст...
Чунон ки муаллими адабиётамон, агар доири китобҳои
ягон нависанда ҳикоя кунад, рағбати касро афзун месозаду
рӯзи дигар ҳама аз паи китоб ба китобхона метозанд, амакам
ҳам агар аз аспу гала ҳикоя кунанд, дар дили ман майли
асппарварӣ пайдо мешавад.
Ба дурустӣ агар гӯям, ҳикояю саргузаштҳои амакам са-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё