Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

баб шуду ман таътилро дар ин кӯҳсори камодам мегузаронам.
Аммо қаблан бояд иқрор кунам, ки ман бо гургу гургбачаҳо саргарм шудаму гала фаромӯшам гашт. Воқеа ин тавр рух зад: ба кӯҳсор омадаму рӯзи дигар ҳамроҳи амакам

галаро хабаргирӣ рафтам.
— Як байталамон ҳаст, номаш Дулдул, пистон фуровардагӣ буд. Агар зоида бошад, буҷулат хест — қимизхӯрӣ мекунӣ, — гуфтанд амакам ба дасти ман лаҷоми аспи самандеро дода.
— Барои чӣ номаш Дулдул? Дулдул чӣ маънӣ дорад? — Ин номро аз ин пеш шунида бошам ҳам, аз рӯи тақозои табиатам саволборон кардам. Медонам, ки одати маро калонсолон ҳеҷ хуш намекунанд, “вазнин бош, вақту соаташ расад, худат мефаҳмӣ” гӯён борҳо маломат карда бошанд ҳам, тарки одат маҳол будаст.
— Маъниаша кӣ медонад... — зери лаб ғурунгос заданд амакам. Ингуна кунҷковӣ ба он кас ҳам хуш наомаданаш маълум буд. Аммо лаҳзае дигар гузашту гуфтанд: — Дар ривоят гуфтаанд, ки аспи домоди Муҳаммад-пайғамбарамон Алӣ Дулдул ном доштаст...
Ба рикоби асп поям нарасиду ба ҳалқаи тасмаи рикоб поямро гузарондам ва лаҷомро ба дасти чап гирифта, тозиёнаро дар ҳаво ҷавлон додам. Асп якбора чароғпоя шуд, баъд лаҷомро суст кардаму бо реза чорпо ба роҳ даромад.
— Ба майлаш мон, — таъкид карданд амакам. Оҳанги суханашон аз он далолат мекард, ки аз ин кори ман норозианд. Баъд ба рикоби аспи ман нигариста гуфтанд: — Поятро аз рикоб барор.
— Барои чӣ? — Ҳайрон шудам ман.
— Нағз не.
Амакам гӯё бо ҳамин як сухан саволи маро ҷавоби қаноатбахш дода бошанд, хомӯш, чашм ба манзараҳои атроф дар роҳ давом карданду ман баъди лаҳзае саволамро такрор пурсидам.

пешина
аз 192
навбатӣ