Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

аспҳои мо бӯй-бӯй карда, ба расми аспӣ ҳолҷӯӣ намуд. Амакам байталро диданду “сабилмонда бачаатро чӣ кардӣ?!” гӯён саросема худро аз зин ба замин партофтанд. Сонӣ манро дар он мавзеъ мондан, саҳеҳтараш амакам маро фаромӯш карданду пиёда миёни шаху зовҳо нопадид гаштанд. Ман аз ин вазъи парешони он кас рамуз гирифтам, ки нохушие рӯй додааст.
Баъди соате амакам дамоғошуфта баргаштанд.
— Ба гумонам бачаашро гург хӯрдааст... Ту чарх зада гард, ман таҳи ҳамин зова як раҳ нигарам.
Амакам аз шах ба шах ҷаҳида дар як зум миёни харсангҳо нопадид гаштанд.
Марғзори баландкӯҳ дар он ҷо доман барчида, теғаҳои махуфу ваҳмангез ибтидо меёфтанд. Дар теғаҳои аз ҳама боло монанди абрӯи Золи Зар1 ҳошияи барфӣ чашмро мебарад. На садое, на дудеву ғуборе. Ба дилам гузашт, ки дар аввал, пеш аз он, ин ҷамъияти инсонҳо ба вуҷуд ояд, табиат дар ҳама рӯи замин ба ҳамин сурат будагист. Агар барои таҷриба имрӯз ҳам ягон гӯшаи сайёраро аз мудохилаи одамон эмин месохтанд, балки ба ҳамин сурат мебуд...
Ман аз дилтангӣ акнун худ ба худ ба маломати амакам оғоз карда будам, ки он кас аз паси харсангҳо берун омаданду хомӯш савора шуданд ва “рафтем” гӯён ба шиками асп бо пошнаи мӯзаашон нихта карда, раҳакӣ гаштанд.
Азбаски аз ин сафар ҳеҷ қаноатманд набудам, ман аламнок ва ситезахӯй мерафтам, мехостам ба амакам ягон сухани нешдор ё густохона гуфта, буғзи диламро барорам.
— Фардо боз меоем, — гуфтанд амакам баъди хеле роҳро гузаштан ғолибан авзои маро пай бурда. — Хонаи гургро

Золи Зар – падари Рустам, ки аз тасвири “Шоҳнома” сафедмӯй будааст.

пешина
аз 192
навбатӣ