Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
ёфтам... Панҷ бачааш кати... Сагбачаҳои якмоҳа барин... Нав чашмашон кушода гаштагӣ.
— Барои чӣ ба ман нагуфтед?... Як бор медидам, намехӯрдам-ку... — гуфтам ман озурдахотир аз ин гуна рафтори амакам.
— Туфанг надорем. Агар гург хабар ёбад, аз ҳеҷ бало намегардад. Фардо камон мегирему ду-се кас меоем.
— Ман ҳам меоям?
— Бешак.
Баъди хӯроки шом амакам ҳамсояҳояшон — Ёрӣ ва Зориро даъват карда маслиҳат андохтанд. Ин ду додару бародар моли резаи колхозро бонӣ мекарданд.
Дар назари ман чунин намуд, ки чӯпонон азбаски дар ёбонҳо ҳамсӯҳбате надоранду хеле кам сухан мегӯянд, қадри суханро аз ҳар инсоне бештар медонанд. Онҳо ҳар чи мегуфтанд, ҳама бамаънӣ, даркорӣ ва мухтасар буд. Аз ваҷҳи гургбачаҳо ақидаи онҳо ба якдигар мухолиф омад:
— Нест кардан даркор, вассалом, — мегуфт якзайл бародари калонӣ Зорӣ, ки биниаш ба мисли минқори уқоб хам задагӣ буду чашмонаш, балки на фақат чашмонаш, тамоми ваҷоҳаташ ба уқоб монандие дошт.
— Не, куштан даркор не. Муфаттишу комиссияҳои аз марказ омадагӣ надонанд ҳам, ману шумо медонем, ки солҳои охир гурги бечора ҳаргиз ба рама наздик намешавад. Тухми ҳамин ҷонвара нест кардан ба кӣ даркор аст?! — гуфт узромез Ёрӣ.
— Охир ҳар сол ҳисобот медиҳед, ки... — тамасхуромез сухан оғоз карданд амакам.
— Ун гусфандора гургони дупо мехӯранд, — гуфт Ёрӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё