Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

афтоданд.
– Ҳо-о-ойй!.. Ҷӯраҳо!.. Рашид! Мурда-а-амм! – девонавор
наъра кашид Самеъ. Баъд якбора хомӯш гашт.
Ҳусейн ҳушу беҳуш менолид, Рашид оҳу воҳ мекард.
Самеъ боз фарёд кашиду Рашид тамоман ба худ омад.
– Самеъ... Самеъ... Натарс... Натарс... Ин, ҳамту... тарма... даҳани ғора баст... Натарс! – Рашид канда-канда, монанди маҷрӯҳон ба сахтӣ ин суханонро гуфту боз хомӯш гашт.
Самеъ овози ӯро шуниду дар куҷо буданашро таъин
кард: дур не, се-чор қадам қафотар. Вале худаш ҳам монанди
Рашид маҷоли сухан гуфтан надошт.
Рашид кам-кам ба худ омада, ҷароҳатҳои сару рӯяшро,
дасту пояшро даст-даст карда дид: шитолинги пои чапаш сахт
зарб хӯрдасту сараш, ҷароҳати дасту зонуяш сабук. Ин дам
Самеъ ба ҳазён гуфтан даромаду авзои ӯ Рашидро ба ташвиш
андохт: мабодо аз тарс ягон бало занад. Вай овоз баровард:
– Самеъ! Самеъ... Дар куҷоӣ? Гапи мана мешунавӣ?
– Рашид?.. – Катъӣ ва бо шиддат пурсид вай. Овозаш ба
гӯши Рашид дигаргуна садо дод. – Туӣ ё?.. Ку, боз овоз барор!
Гап зан ку!.. Эҳ... – вай зери лаб ғурунгос зада ким-чиҳо
мегуфт.
– Самеъ! Ба ман нигар, натарс, ин ман – худам! Чӣ
метарсӣ? Кӣ мешуд?! Ҳой, ба ман нигар, Ҳусейн дар пеши ту?
– Рашид... Рашид... Рашид... – вай ба ғайр аз номи Рашид
дигар сухане намегуфт ё гуфта наметавонист.
– Ҳой, ҷим ист! Хап шав! – Рашид тамоман ба худ омада,
ӯро хомӯш кард, то ки дараки Ҳусейнро ёбаду ба ҳодисаи рӯй
додагӣ возеҳтар сарфаҳм равад.
Ин дам аз кунҷе Ҳусейн нолаю фиғон сар кард:
– Кӣ ҳаст?.. Ҳой, шумоён куҷоед? Наравед.

пешина
аз 192
навбатӣ