Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
– Натарс, тура монда намеравем, – гуфт Рашид.
– Очаҷон!.. Мурдем... Чӣ шуд-а?.. Чӣ шуд? Дев-пев
будаст-чӣ? А?.. Чӣ кор мекунем? – гиря оғоз кард Ҳусейн. Дар
овози вай, дар нолиши вай як навъ даҳшати марг, фоҷиаи
кобус ба гӯш мерасид.
– Хап шав!.. Як нафас ҷим шавед!
Ҳама хомӯш шуданд. Ҳусейн ба азоб ҳиқ-ҳиқи худро
фурӯ шинонда бошад ҳам, аз шақаррос зада ба ҳам хӯрдани
дандонҳояш маълум буд, ки ӯ дарақ-дарақ меларзад.
– Чӣ воқеа шуд?.. Дара кӣ баст-а? – оқибат ба хомӯшӣ
тоб наоварда бо даҳшат пурсид Ҳусейн.
– Ҳа-ҳа, дара ки баст? – Самеъ ҳам ба саволи ӯ ҳамроҳ
шуд. – Дев будагист-чӣ? А? – бо шубҳа ва хавотирӣ мепурсид
ӯ. – Ё тарма фуромаду...
– Дев-а! – ришханд кард Рашид. – Тарма дари ғора баст,
вассалом! – гуфт Рашид гӯё аз афтодани тарма пешакӣ
хабардор бошад.
Агар вақти дигар бошад, барои ин хел донотарошиаш
шарикон Рашидро ҳадафи мазоҳу тамасхур мекарданд.
Азбаски ҳоло ҷои гап набуд, ҳеҷ кас ба оҳанги сухани вай
эътибор надод.
– Тарма?.. Сонӣ замин ҳам ҷунбид-а? – пурсид Ҳусейн.
– Тарма. Дидӣ-ку! Тармаи зӯр, – вале аз оҳанги суханаш
равшан гашт, ки худи Рашид ҳам бо тахмин мегӯяд ва шубҳа
дорад.
Онҳо дақиқае чанд боз хомӯш нишастанд. Сипас, диданд,
ки дигар ҳеҷ ҳодисае ва хавфу хатаре нест, қариб ҳар се баробар ба сӯи даҳани ғор ҳаракат карданд. Аз тарафи берун на
садое ба гӯш мерасид, на таҳрикеву ҷунбише. Гӯё ба олами
дигаре афтода бошанд, якбора дили ҳар серо ҳам даҳшат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё