Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

пайрави суханаш.
— Пор як барраи касалӣ аз рама қафо мондааст, гург аст ё шағол хӯрдааст. Нишонаҳояшро ёфтам. Мудири ферма тан нагирифт. “Моли колхоза, додар, гург намехӯрад, дониста мон, моли колхоз ҳаром намемурад...” гуфтан додарро тақвият дод Зорӣ.
— Бачаи байталатонро гург нахӯрдааст, — қатъӣ ҳукм кард Ёрӣ. — Гург дар он мавзее, ки хона дорад, ҳаргиз сайд намекунад. Сониян, бачаи байталро ҳаргиз гирифта наметавонад.
— Чӣ мехӯрад? — бо навбат ба чашми ҳар ду бародар нигаристанд амакам. — Бачааш нест-ку!
— Байтал бачаашро зер карда мекушад... Ё дардманд мезояд ё мурда... — тахминҳои худро гуфт Зорӣ. — Лекин бачаи гурга нест кардан лозим аст.
— Ба ман диҳед, ман калон мекунам, — гуфтам ман. Аз ибтидои сӯҳбат ман фурсат мепоидам, то ин хоҳиши худро бигӯям. — Нигоҳубин мекунам, ром мешаванд.
— Бачаи гург ром намешавад. Магар ки чашмаш кушода нагашта бигирӣ. Инро Ёрӣ гуфт.
— Ба ҳар ҳол аввал қапқон монда гургро гирифтан лозим. Ё парронед. — Ҳамчун сарчӯпон дар ақидаи худ қатъият зоҳир мекард Зорӣ.
— Э, монед, — гуфт Ёрӣ, ба як навъ оҳанги номуайян. — Бачаи ҷонвара куштан убол аст.
— Ёрӣ дуруст мегӯяд, бачаашро меорем, ана, додарчаамон машғул мешавад. Агар ром гардад, балки саги нағз мешавад.

пешина
аз 192
навбатӣ