Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дидагистед? Ана, ҳамон тавр. Мошинро дар сари роҳ қарор
додаму ба тарафи он ҷамоат рафтам. Мардум давра гирифта,
кабкҳоро ҷанг меандохтанд. Ман аз ин пеш дар хусуси
кабкҷанг шунида бошам ҳам, ба чашмам надида будам.
Лаҳзае ҳайрон нигариста истодаму барои суратгиракро
овардан ба сӯи мошин тохтам. Аммо ба суратгирӣ намонданд.
Давраи қиморбозон будаст, ман бехабар. Аввал тарсиданд.
Сонӣ, ҳамту, раҳгузар буданамро фаҳмида, қариб ки кӯбанд...
Э, ин ҷонвар ҳамин хел ҷангара будаст!.. Якдигарашро супсурх гӯшт кард-е! Раҳмам омад.
— Қимори калон дар сари кабкҷанг-да, — гуфт ҳамроҳам. — Якта кабки ҷангира як одам ба ҳафтод сӯм харид. Як
моҳ нагузашта, ягон бор ҷанг наандохта аз қафас гурба бурд,
фиғонаш баромад.
— Ман ҷангашро сурат гирифтанӣ... Намедонам, чӣ хел
гирам?
— Дастгоҳи рустӣ катӣ... шиқ-шиқ номаълум.
— Ман як суратгири ҳаваскор, дастгоҳи рустиро аз куҷо
меёбам! — гуфтам ман лоҷайд ба чораи ҳамроҳам пешкаш
кардагӣ даст афшонда. Сипас, суханро боз ба сари ҷанги кабк
бурдам: — Лекин сахт ҷанг мекардаст! Вай, вай, вай... Ҷонвар
хастагиро намедонад-е! Ба фикрам, кабки ёбоӣ ин хел ҷанг
намекардагист? А?
— Албатта.
— Дар қафас ҷангара мешавад-чӣ?
— Дар қафас ҷангара намешаваду... маст мекунандаш.
Нона ба арақ тар карда мехӯронанд.
— Наход?! Инро намедонистам, — бо тааҷҷуб иқрор
кардам ман.
— Шумо ҳам ҳавас доштед-да? — марди ба зоҳир

пешина
аз 192
навбатӣ