Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
миёнсоле, ки дар он тарафи чорпояи мо менишаст, ба сӯҳбат
ҳамроҳ шуду лаълии нону ангурашро ба тарафи мо лағчонда,
ба хӯрдан ишора кард.
— Ҳаваси чӣ, ҳамту, — гуфтам ман, дар ҷавоби мурооти
у ба нишони ташаккур даст ба сина бурда.
— Пага бозӣ мешавад, бед, — ногаҳон пешниҳод кард ӯ.
— Аз Хуҷанду Қӯқанд, Ӯротеппа, аз Самарқанду Шаҳрисабз
меҳмон омадагӣ. Чунон кабкҳои ҷангара омадагӣ! Синааша
дида, шаҳбоз мегӯед! Мегӯянд, ки якташа ба як асп надодаст!
Аспи бекора не, аспе, ки нархаш — “Жигули”. Бозии зур
мешудагӣ барин.
— Дар ҳамон ҷои пештара? — пурсидам ман агарчӣ ҳанӯз фикри рафтан ҳам надоштам.
— Не. Дафъаи гузашта, ҳӯ, дар теппа, пеши боғи “Ғалаба” ғун шуданд, милиса намонд... Ин дафъа дуртар мераванд.
Аҷаб не, ба тарафи Лучоб раванд. Ба гӯшам ҳамин хел расид.
— Мо ёфта метавонем-чӣ?
— Мабодо милиса шумора ҳам қиморӣ гӯён бигирад, —
гуфт ба оҳанги содавоҳима ҳамсӯҳбати аввалӣ.
— Э, ба шумо чӣ? Ҳамту, тамошобин. Қиморбозӣ намекунед-ку? — маро хотирҷамъ кардан хост он мард. Баъд гуфт:
— Агар рафтанӣ бошед, ана рост ба ҳамин чойхона бед,
ҳамроҳ меравем. Ҳама аз ҳамин ҷо такси катӣ мераванд.
— Ман мошини худам катӣ...
— Мошинатон бошад, боз беҳтар. Соати нӯҳ ба ҳамин
ҷо бед, шумора худам мебарам. Тамошои зӯр мешавад, ҳеҷ
пушаймон намешавед.
Баъд вай як пиёла чой рехта ба ман дароз карду наздик
нишаста аз саргузашти кабкбозон ва кабкҳои ҷангӣ хеле
ҳикоят кард ва дар байни сухан баъзе лаҳзаҳои зиндагии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё