Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
худро низ гуфт. Аз рӯи гапаш, вай шаш сол боз нафақахӯр
бошад ҳам, кор мекардаст. Боз барои ман аҷобаташ ин буд,
ки ӯ сию ҳафт сол боз мошин ҳай мекардаст. Як хислати
ғалатии шиноси нави ман ҳамин буд, ки таътил гуфтанӣ гапро
намедонистаст. Кай вақте мошинашро ба таъмир диҳад, то
соз шудани он истироҳат мекардасту бас. Ман сабабашро
пурсидам.
— Ба мошин дилам намешавад, писар, — гуфт вай кимчӣ хел хиҷолат кашидагӣ барин. — Як бор, аз ин бист сол пеш
мошина мондаму ба таътил рафтам. “Уралзис” ҳай мекардам.
Ҳамин хел мошин буд. Ман дар истироҳат, мошинама ду
ҳафтаякак каси дигар ҳай кардаст. Ҳамчунон хароб карда
партофтаст, ки ду моҳи расо худам таъмир кардаму боз ҳам
асли аввалаш барин нашуд, ки нашуд! Ҳамагӣ дар ду ҳафта!
— бо таъкид ду ангушти дасти росташро нишон дод вай. —
Аммо мошини чӣ, расво кардаст, — даст афшонд вай. — Ана,
аз ҳамон вақт исун аз баҳри истироҳат баромадам. Агар зиқ
накунанд, кор катӣ одам касал намешавад.
Ҳама медонанд, ки аксари мардуми кабкбоз ҳатман
қиморбоз аст ва қиморбозон ба кору бори дигар дилбастагӣ
надоранд. Бинобар он, ба гуфтаҳои он марди кабкбоз,
махсусан, доир ба мошинронию мошиндориаш нобоварона
гӯш медодаму хаёлам дар ким-куҷоҳо сайр мекард Як-ду бор
ба суханаш беэътиноиамро худи ӯ фаҳмад ҳам, пинакамро
вайрон накардам.
Мард аз он синне, ки гуфт, ҷавонтар метофт. Қадаш аз
миёна болотар, монанди ҳамаи пирони коркун қоматаш рост,
зиндадил, ҳазлдӯст, бовиқор буд.
Рӯзи дигар дар соати ваъдагӣ мошинамро дар назди чойхона қарор додам. Амаки Муҳаммадраҷаб ҳамроҳи ду нафари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё