Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
Шаҳрӣ ба гапу кори калонҳо тақлид мекунад. Рӯзи шанбе, ки боғчаи бачагон таътил аст ҷиянчаам ҳамроҳи ман дар
хона буд. Дар айвон нишаста, китоби физикарро кушода,
мавзӯи “Ҷараёни моеъ дар қубур” -ро мехондам. Шаҳрӣ дар
хонаи дигар зочабозӣ мекард. Ӯ ба зочаҳояш ҳар гуна таъинот медод, сарзаниш мекард. Ногоҳ ба гӯшам расид, ки “тағош, тағош” мегӯяд. Гӯш додам. Шаҳрӣ кадом як зочаашро
маломат мекард: “Дандоната нашустӣ, рӯята чор саг лесад,
ҳар чортоаш ҳам сер мешавад. Мӯята шона назадӣ, намат шудаст, намат!.. Духтар ҳам чиз будаст! Ана, якташ худам. Бечора падару модар дилхун гашта калон карданду чӣ барака ёфтанд?!.” Ин суханонро дар асл, ба худи ҷиян гуфтаанд. Сипас,
навбати маломатшунавии “тағо” расид: “Доим чирки рӯи
кафшата пок карда гард. Кафшата пок куну баъд ба хона даро. Ба тартиб, озода либос пӯшидана ёд гир. Бин, ту баринҳо
чӣ хел либос мепӯшанд. Ҳаваси кас меравад. Сарулибоси тура
дида, шармам меояд. Доим куртаву шимат як тарафаш овезон,
як тарафаш гурезон…” Хайр, ин суханҳоро апаам фақат ба
ман мегӯяд. Дар назди бача гуфтан даркор набудаст.
Мегӯянд, ки дар хонаи бачадор ғайбат намешавад. Ин
хулосаи дуруст ва озмуда аст. Лекин гӯянд, ки дар хонаи
бачадор сирри махфӣ намешавад, ин ҳукм ҳам саҳеҳ аст. Дар
воқеъ ҳам, дар хонае, ки бачаҳо давутоз доранд, ба дигар гапу
корҳои майда-чуйда хуши кас намеояд...
Як пагоҳ ба сӯи боғча шитоб доштем.
— Тағо, шумо ҳам мошин мехаред? — пурсид Шаҳрӣ
ногаҳон. Он солҳо ҳама ба дарди мошинхарӣ мубтало гашта
буданд.
— Не, ман пул надорам.
— Шумо ҳам пулатона ба амонаткасса монед-дия!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё