Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
— Пул надорам, хока монам?! — ба тундӣ овозамро баланд кардам.
— Пули дадаам дар амонаткасса. Ба амонаткасса пул монда, баъд мошин мехаранд. Баъд… Баъд ҳамаамон ба мошин савор шуда, ба сайру тамошо меравем, ба сирк меравем.
Тағо, шумо аҷоибхонаро надидед? А? Шумо ҳеҷ чиза намедонед-а?
Дар роҳ бо як ҷавони шинос, ки мисли ман ба донишгоҳи тиббӣ ҳуҷҷат супорида, довталабӣ дошт, дучор шуда, ҳолпурсӣ кардем.
— Ба хона биё. Бо саволу ҷавоб мавзӯъҳоро такрор мекунем, — гуфт вай дар охир.
— Тағо, — Шаҳрӣ бо илтиҷо ба ман менигарист, — шумо аз хонаи мо наравед, хуб? Ҳеҷ наравед! А?
— Хуб шудаст. Намеравам. Тезтар по мон.
— Очаҷонам ҳамин хел гуфтанд... Очаҷонам медонанд...
— Тезтар қадам мон, Шаҳрӣ. Дер монӣ, Тӯтӣ-холаат ба боғча намегирад.
— Ҳичӣ! Ман ҳам ба боғчаашон намеравам. Ганда. Аз Тӯтӣ-хола ҳам безор шудам… Дина ба кунҷак рост монданд.
Ман Шаҳрӣ — нағз, Шаҳрӣ — бамаънӣ, ҳи-ҳи-ҳи, ҳи-ҳи-ҳи...
Намеравам!.. Гирья кардам… Боз очаҷон биёянд, ла-ла-ла, лала-ла...
Шаҳрӣ аз роҳгардӣ бозистоду ба чашмони ман нигариста, хомӯш шуд. Ман аз дасти ӯ гирифтаму ба инҷиқиаш эътибор надода, ба роҳ даромадам.
Вай бо димоғи сӯхта ва қавоқи гирифта ба боғча даромад. Мураббӣ Тӯтӣ-хола ва як зан ба ман бегона уребчаи ҳалдореро пасу пеш гардонида, баҳои онро мепурсид ё ба он зани харидор пешкаш мекард, ба ман маълум нашуд. Умуман, ман

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё