Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
аксар вақт ӯро дар сари савдо мебинам. Омадани ману Шаҳриро вай пай набурд. Ҷиянам рост истода монд. Ман ӯро саҳл тела дода, “ба пеши бачаҳо рав”, гуфтаму ба роҳам пас гаштам. Ду-се қадам монда будам, Шаҳрӣ боз як бор баргашта ба ман нигарист, аммо ҳеҷ чиз нагуфт. Нохунашро канда, дар ҳамон ҷо истода монд. Тӯтӣ-хола баъди ӯро дидан ҳам илтифоте нанамуд.
Дар ин мобайн апаам аз зина лағжида, пояшон лат хӯрду ба қавли худашон, аз боғчаи Шаҳрӣ тамом бехабар монданд.
Шаҳрӣ аз боғча барояд, чунон хурсанд мешуд, ки ҳеҷ монед. Аз дасти ман дошта метохт, меҷаҳид, механдид. Баъд арзи муддао мекард:
— Фардо ба боғча намеравам. Тамом, кушед ҳам, намеравам... Тағоҷон, шумо ба додому очаам гӯед, ман дар хона монам. Мегӯед? Ман дар хона ҳама корашонро мекунам. Хуб?
— Чаро ба боғча намеравӣ?
— Тӯтӣ-хола ҷанг мекунанд. Фақат ҷанг, фақат ҷанг…
Бачаҳо мезананд... Имрӯз мана Акмалу Пӯлод боз заданд
— Чаро ҷанг мекунанд? Чӣ гуноҳ кардӣ?
— Ҳамту, ҳамаро ҷанг мекунанд. Ба кунҷак рост мемонанд. Баъд, зоча ҳам намедиҳанд. Ба ҳалучак фақат Зумраду Шаҳлоро мешинонанд. Зочаро ҳам фақат ба ҳамонҳо медиҳанд… Тағо, тағо, хӯрок хӯрдан ҳам намемонанд, — гуфт вай, гӯё ягон сири махфиро мекушода бошад, бо овози пастар ба чашми ман нигариста. Бас акнун, тез хур буд, — гӯён табақамро мегирад. Писарҳо хӯроки духтарҳора кашида гирифта лап-лап мехӯранд.
— Дурӯғ нагӯй, Шаҳрӣ.
— Не-е, ана диламро бинед! — вай шикамашро ба ман нишон медиҳад. — “Тезтар хӯр! Ба ту нигоҳ карда намешинам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё