Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Ҳим-м… — марди сӯхтагӣ худ ба худ табассум мекарду сар меҷунбонд. — Оббо… Ҳоло ман Сайфиддин гӯед?
— Шумо... Шумо кӣ? Охир, исми шарифатонро гӯед, балки шиносам.
— Чил сол шуд-а! Ана, ҳамин писаратон барин будем, — вай ба ҷавони бархоста ба ӯ ҷой дода ишора карду суханашро давом дод: — Чени ҳамин будем. Оббо, Сайфиддин-е нашинохтед?
Лаҳзае ҳар ду ба рӯи якдигар зеҳн монданд.
— Э-э… — Сайфиддин-амак дар ҷои нишастагиаш ҳамсӯҳбати худро оғӯш карду рӯяшро ба гардани ӯ монд. — Исломбой!.. Исломбой!.. Э, худоро гардам, дидорбинӣ будаст-е!
— Овозаш ларзону гашту беихтиёр оби чашм кард вай.
Мусофирони автобус бо тааҷҷуб ба сӯи онҳо мутаваҷҷеҳ шуданд. Сайфиддин-амак дасташро аз китфи Исломи Хидир намегирифту аз рӯи вай чашм намебардошт.
Онҳо дуру дароз аз ҳолу аҳволи якдигар, фарзандону пайвандон, шиносу дӯстон пурсон шуданд. Бештар Сайфиддин-амак савол мекарду Исломи Хидир ҷавоб мегуфт. Вай аз ҳар хусус гап мезад. Вале дар бобати Асал, ҳамон соҳибҷамоли зарбдор, ки аз сӯзи ишқи вай Сайфиддини маъюб баъди ҷанг ба Вахш наомада ба Ёвон рафт, даҳон намекушод.
— Фақат ман гап занам ё шумо ҳам ягон чиз мегӯед? — гуфт оқибат Исломи Хидир. — Канӣ гап занед, ин риша кай сафед кардед? Ё ба осиё баромада омадед?!
— Э дӯстам, азобҳои маро напурсед! Шумо, ана, сӯхтагӣ бошед ҳам, ба дасти одамони худӣ афтодед… Рӯятон сӯхтагӣ бошад ҳам, сурх, саратон баланд гашта омадед... — Сайфиддин-амак лаҳзае хомӯш монду ба талу теппаҳои дуродур чашм дӯхт. Алафи теппазорҳо кайҳо сӯхта, хоки сурхчатоби

пешина
аз 192
навбатӣ