Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
онҳо дар офтоб медурахшид. — Мора немис аз майдон чинда гирифту ба куҷоҳое набурд, чӣ азобҳое надод!.. Хуб гуфтанд:
Лаънат ба касе, ки ай ватан канда шавад, Афтад ба ғарибию ба кас банда шавад.
Ҷанг тамом шуд, гуфтанд, ман хурсанд, ҳаракати ба ватан баргаштан кардам. Омадам, ки… э, напурсед… Тафтиш...
тафтиш... Ҳам бо фашист ҷанг кардам, ҳам пойро он ҷо гум кардам, ҳам сахтию гушнагии асириро дидам, ҳам боз гунаҳкор, ки чиро асир шудам... кош мемурдам мегуфтам, аз ин хел асир шудана... Хайр, оқибат соф шуда омадам. Ба вокзали Душанбе фуромадаму ба хонаи хоҳарам рафтанӣ шудам. Вай дар шаҳр зиндагӣ мекунад. Не, рухсат нашуд. Дар шаҳр истодани мо баринҳо одаморо вайрон мекардааст... мумкин набудааст... Ба Вахш мерафтаму… лекин аз фронт ба як духтари камтар дилам об хӯрдагӣ хат навишта фаҳмидам, ки дилаш ба каси дигар аст, — Сайфиддин-амак саргарми хотира тағйири ваҷоҳати ҳамсӯҳбаташро пай набурд. — Суханони нағз навиштаст. Сиҳат-саломат биё, дар ин ҷо ба ҳар тори мӯят як духтар мерасад, гуфта дилбардорӣ кардааст. Лекин нарафтам.
Як пой нест. Боз аз асирӣ омадагиам. Тинҷ мешавам ё не, кӣ медонад. Ба Ёвон рафтам. Дар ҳамон ҷо ҳам тинҷӣ набуд...
Муаллим будам. Ба ту муаллимӣ мумкин не, гӯён ғид-ғид карданд, аз баҳри ҳамин касбу кор ҳам баромадаму дар хона шишта, кӯҳнадӯзӣ кардам. Гоҳе нағз, гоҳе бад рӯз мегузаштаст, бачаҳоро калон кардем. Ана, писарам, — Сайфиддинамак ба писараш, ки ҳоло дар он сӯтар дастаи курсиро дошта рост меистод, ишора кард. — Хулласи калом, имрӯз ҳамроҳ як Вахш равем, ёру ошноҳоро бинем, гӯён ба роҳ баромадем… Асалро медонед? Ҳамон ба кӣ расид? А? — Вай боз ба саволаш зуд ҷавоб нагирифту андаке хиҷолат кашид магар, ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё