Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
тавзеҳи суханаш сар кард. — Э-э, талабгораш зиёд буд. Хайр, бачаҳо аксараш ба ҷанг рафта гашта наомаданд. Ба кӣ насиб карда бошад ҳам, хушбахт бошад, шуд.
— Қиссаи Асал ҳам ғалатӣ, Мулло Сайфиддин, — оқибат бо табассум ба гап сар кард Исломи Хидир. — Росташ, вай аз ман умедвор буд. Ба фронт ҳам хат менавишт. Баъди сӯхта ин хел шуданам, хуб фикр кардам: Ба деҳа рафта чӣ кор мекунам?! Гирам гӯям, ба духтар ҷабр мешавад... Худат медонӣ, ҳусну малоҳати вай чӣ хел буд! Киҳо ба вай талабгор нашуданд! Нагирам, як умр доғаш аз дил намеравад. Вақте ки аз ҷанг баргаштаму ба ҳавлӣ даромадам, додою очаам нашинохтан-е! Бовар мекунед?! Ба Асал рӯирост гуфтам, ки ман лоиқи ту не. Номардӣ мешавад, ҳама гап мезананд. Ту гул барин, ман-чӣ?! Ба заношӯии мо ҳама механданд. Ту ҳам орзую ҳавасатро бин, ба ман кӯр аст ё кал, мувофиқи худам будагист.
Ман аз худам безору ту маро чӣ мекунӣ? Вай зорӣ кард, лекин ман эътибор надодам, “дилбардорӣ медиҳад-да” гуфтаам. Сонӣ пушаймон шудам… Алқисса, падару модар маро хонадор карданӣ шуданд. Гуфтам, ки ихтиёр доред, хостагиатонро кунед, ман розӣ. Армони ман дар дилам мурд, акнун додою очаам дилхоҳашонро арӯс карда, армонашон шиканад, се-чор рӯз дар зиндагӣ арӯс хизматашонро кунад, гуфтам. Як духтарро аз тӯби худамон нон шикастанд. Ҳоло маслиҳати тӯй ҳам набуд, ки Асал ба худаш карасин6 рехта алав зад… Ба беморхона бурдаанд. Давида рафтам. Як моҳ то ба пой рост гаштанаш ҳар рӯз дар таҳдари беморхона будам гӯям, дурӯғ намешудагист. Сонӣ, ҷавоби вай духтарро узраш катӣ гуфтему Асалро ба ман никоҳ карданд. Ҳар ду ҳам ана, ҳамин хел ба-
Карасин -- маҳсуле аз нафт, сӯзишворист

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё