Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳозир чӣ кор кунам? – гуфт Самеъ нолон-нолон.
– Гиряю ноларо монед, ҷӯраҳо. Фикр карда, ягон чора ёфтан даркор. Фикр кунед, ягон ҳисоб меёбем... Балки камкам барф кашида, сангҳоро шикастан даркор. Чӣ катӣ шикастан мумкин?
– Надонам, – ин фикр Самеъро ҳам ба рағбат овард. Ӯ аз ҷо бархоста сангеро ба даст гирифту ба сангҳои афтодагӣ ҳар қадар зад, аммо аз санг парахае напарид, баръакс, санги дар дасташ будагӣ пора-пора гашт.
– Ин хел не, – гуфт Рашид. Аммо чӣ хел амал карданро худаш ҳам намедонист. – Агар ягон табар ё оҳанпора мебуд...
– Дар ин ҷо табар чӣ мекунад?! – бо сухан даромад Ҳусейн.
– Гапу кори мешудагиро гӯй, – дилтанг шуд Самеъ.
Се тан дар пешайвони торики ғор нишаста бошиддат фикр мекарданд, дар майнаашон ҳуҷайраҳои беҳаракаттаринро ҳам ба ҷунбиш оварда, чорае ёфтан мехостанд, вале мушкили онҳо аз мушкилоти бо зӯри ақл ҳал мегаштагӣ набуд.
– Сабилмонда... – сар меҷунбонду худ ба худ изҳори ҳайрат мекард Рашид. – Тасодуфа бинед-а, дар пеши ин ғор як нафас истодему дар ҳамин вақт тарма афтад!
– Сафсатахониро мону фикр кун, чӣ хел аз ин ҷо мебароем? – Самеъ ки баъди фалокати рӯй додагӣ андаке ҳалимтар гашта буд, тадриҷан боз ба асли худ меомад.
– Се кас баробар фарёд кунем чӣ? – мепурсид Ҳусейн. – А?: Аздусар кофта мебиёнд... Ё ҳоли барвақт аст? Усто Наҷоту Ҳақназари Ҷувозкаш ҳам рафта монданд-да.
– Ҳа, гузашта рафтагистанд? Ё тарма роҳа басту...
– Агар тармаро дида бошанд, ба деҳа рафта гӯянд, даррав одам меояд, – ҳоло навбати мулоҳизаронӣ ба Ҳусейн

пешина
аз 192
навбатӣ