Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
расида буд магар, бетаваққуф гап мезад.
– Оянд ҳам, мебинанд, ки аз мо ному нишон нест, рафта
азо мекушоянд, – гуфт Рашид бо андӯҳ.
– Дар ғор руст монданамора намедонанд?
– Кӣ медонад, – китф дарҳам кашид Рашид.
Ҳусейн боз ба нолаю зорӣ сар кард. Ӯ Самеъро маломат
мекард, ки ба ғордароӣ ташвиқ карду ин фалокатро ба сари
онҳо овард.
– Омада фарёд кунанд, мешунавем ё не? А?.. Агар мо
фарёд кунем, онҳо мешунида бошанд? – бо умед ба Рашид
нигарист Самеъ.
– Гӯш кун, аз берун ягон овоз мешунавем? – Рашид бо ин
савол онҳоро ба ишораи даст ба хомӯш будан амр карду
лаҳзае гӯш қимор нишаст. Сипас, баъди дақиқае сукунати том
гуфт: – Ба фикрам, овоз намеояд, барф ғафс. Хайр, агар ба
даҳани ғор наздик омада фарёд кунанд, гапи дигар.
Онҳо бори аввал дар зиндагӣ ба ин гуна ҳоли мушкил ва
беилоҷ афтода буданд ва ҳанӯз дар як гӯшаи дили ҳар яке
умеди наҷот фурӯзон буд. Чашмдор буданд, ки қисмат ба онҳо ҳаргиз ин хел бераҳмӣ накардааст ва намекунад. Чунин менамуд, ки ин ҳам яке аз имтиҳонҳои навбатии ҳаёт ва ё ҳазлу
шӯхии бебоконаи он аст. Аз деҳа кофта меоянд ё ягон чораи
дигар пеш меояду онҳо халос мешаванд. Бояд диловарона
истодагарӣ кард, то ки сонӣ дар назди ҳамдиёрон, ҳамсабақон
сарро баланд бардошта, бехиҷолат гап зананд. Фақат Рашид,
Рашиди маҳинҷусса, ки баъди хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа
ба омӯзишгоҳи тиббӣ дохил шуда, орзуи духтуршавӣ дошт, ба
ин гуна наҷоти осон ба шубҳа менигарист ва оқибати корро
фикр карда дилашро ваҳм мегирифт.
Падараш муаллими мактаби деҳа. Вай дар хонавода

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё