Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
— Лаббай, тақсир?
— Ҳамин… Ман мегум… Писари моро дидед?
Исломи Хидир ба ҷониби ҷавон як назар партофта бо
табассум гуфт:
— Худо умрашро диҳад, нусхаи худатон-е! Пеш аз ҷанг
ранги ҳамин писаратон будед. Ӯро дида, ман шумора шинох-там.
— Ҳамин мегум, Мулло Ислом, писарам бачаи бамаънӣ:
арақ намехӯрад, сигор намекашад, даҳансахтию ба рӯи кас давиданаш нест. Хӯш, ки бошад, институтро ҳам тамом кард,
духтур. Ман маълумот дорам, гуфта баъзеҳо барин пешхезӣ
намекунад. Ҳамин мегум, агар тақдир рафтагӣ бошад, хешу
табор шавем?.. Ман ҳозир рост ба хонаи шумо равам. Хайр,
аз худатон гап намемонад. Кӯҳ ба кӯҳ намерасад, одам ба одам
мерасад, мегӯянд… Ҷавонҳо як назар якдигарро бинанд…
— И-и, охир ин чӣ хел мешавад, тақсир? — Исломи Хидир ба ин таклифи ногаҳонӣ чӣ гуфтанашро надониста ҳайрон монд. — Албатта, духтар диҳем, ба писари шумо барин
ҷавон медодагистем-да. Лекин гап ба ин не… Чӣ хел мешавад,
ин ман худам хостгор барам… Мардум чӣ мегӯянд? А?
— Албатта, Мулло Ислом, худи ҳозир нон шиканед
гуфтагем не-ку! Боз чарх зада, алоҳида мебиёем-да. Мо ҳам
дар байни алаф рӯидагемо не, шукр, хешу табор дорем, тӯбу
тухма дорем. А, чӣ мегӯед, ҷӯра?
— Надонам. Хайр, меҳмон шавед… Он тарафаш кори
тақдир, тақсир.
— Ҳа, албатта. Боз қадрдонҳои пештара катӣ хешу
табор шуда, наздик будан мехоҳам, ҷӯра.
Ду марди маъюб бо меҳр ба рӯи ҳамдигар менигаристанд. Ашк чашмони ҳар дуро метаровид...
Соли 1976.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё