Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
ОҒОЗ
Ишқро оғоз ҳаст, анҷом нест.
Саъдӣ.
Офтоб акнун як қади найза баланд гашта буд.
Ромиш гӯсолаҳоро ба марғзори канори дарёча овард.
Ҳоло онҳо аз алафи тоза сар намебардоштанд. Вай ба болои
тахтасанге нишасту ба соҳили муқобил чашм андохт: болои
талу теппаҳоро ҷангали анбӯҳ пӯшида буд. Фақат аз ҳар ҷоҳар ҷои ин махмали сабз шаху зовҳо сар бароварда буданд.
Ана харгӯшаке аз ҷангал давида баромаду дар сабзамайдони
соҳили рӯд лаҳзае бозистод, ба ду пои қафояш рост шуда ба
атроф назар кард… Ларзидани пойҳои онро Ромиш равшан
дид. Бозе худро ба дарахти канори рӯд заду дар чангаш
гунҷишкеро чириққос занонда парида рафт.
Ромиш имрӯз танҳо аст. Субҳидам ҳамкораш Сабо
хоҳиш кард:
— Имрӯз ман рафта наметавонам. Кори зарур дорам…
Як худат ӯҳда мекунӣ?.. Ҳеҷ набошад, то пешин? А?
— Э, рафтан гир, хавотир нашав. Хурд нестам-ку! —
гуфт вай дар ҷавоби ӯ.
Сабои чашмсабз ва Ромиш дар мактаб ҳам ба якдигар
меҳрубон ва наздик буданд. Баъзе бачаҳо мазоҳ мекарданд,
духтарон таъна менамуданд, аммо ба дӯстии онҳо ҳеҷ чиз
халал расонда наметавонист. Сабо духтари хушрӯй не, аммо
бенур ҳам не. Лекин ба Ромиш ҳусни вай не, ҳамту худаш
маъқул. Баъди ба омӯзишгоҳи наққошӣ рафтанаш Ромиш аҳд
кард, ки ба Сабо мактуб навишта, рози қалбашро боз кунад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё