Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
афтоданд.
Ҳусейн аз торикии даруни ғор тарсида, худро оҳиста ба
тарафи берун гирифт. Торикӣ дар ҳама ҷо ба як ранг ғализ
буд.
– Рашид, ту медонистагистӣ, – Самеъ ҳоло ҳар як
фикрашро ба Рашид гуфта, аз ӯ маслиҳат мепурсид, – одам
бехӯрок чӣ қадар вақт зинда мемонад?.. А?
– Э-э, парво накун, баҳор наздик, – Рашид аз ҷавоби
рӯирост сар кашид.
– Не, ту аниқаша гӯй.
– Гуфтан катӣ, сонӣ чӣ кор мекунӣ?
– Одам кораша дониста мекунад-да.
– Гап ҳамин: мурданро фикр накун. Айб аст. Ту гӯштингир, аз ҳамаамон зӯр, даррав аз ҳамин мушкилӣ тарсӣ...
Одамон баъзан ба чӣ хел аҳволи сахт меафтанд! Ин ҳеҷ гап
не, тарма раҳа баст. Ягон ҳисобаш ёфт мешавад. Фардо рӯз
шавад.
– Имшаб ях карда монем-чӣ? – пурсид Ҳусейн, ки
пойҳояшро ба замин нарм-нарм зада гарм мекард.
– Ях намекунӣ, ғор доим гарм аст. Ба ғайр аз ин, чораи
гарм шудан ҳаст, – гуфт Рашид. Вай инро чунон бо эътимоди
қавӣ гуфт, ки Самеъ ҳам, Ҳусейн ҳам бо умед ба тарафи ӯ
нигариста, давоми суханашро нигарон шуданд, аммо вай
хомӯш буд.
– Чиба ях намекунад? Чӣ хел? – оқибат ба забон омад
Самеъ.
– Намедонӣ-чӣ?
Баъди лаҳзае интизор кардани ҷӯраҳояш вай аз ҷояш
бархосту санги қариб дупудиеро, ки ба болои он нишаста буд,
оҳиста бо ду даст бардошта, боз ба замин партофт. Санг

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё