Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
гурсӣ карда ба шағал афтод. Аз тарс дили Ҳусейн шуввӣ карда таҳ кашиду оҳиста аз гиребонаш ба дарун туф кард.
– Гап ҳамин: ҳар касе, ки хунук хӯрд, ин сангро бардошта, то ҳӯ, ана, он хамгашт рафта омадан мегирад. То бист бор... Лекин бохабар шавед, арақ накунед.
– Рост... Э-э, ту катӣ одам хор намешавад, ҷӯраҷон. Афсӯс, ки ба бало дармондем-дия, – оҳ кашид Самеъ. Баъд боз ба сухан даромад: – Беҳуда ба ту «Академик» лақаб надода будем! Каллаат кор мекунад. Ин калларо кор фармо, ҷӯраҷон, каллаи ту илоҷи ҳама кора меёфтагӣ калла.
– Э, мон-е! – аз таърифи ӯ хиҷолат кашид Рашид.
– Рашид, агар ту илоҷи кушодани даҳони ин ғори сабилмондаро меёфтӣ...
– Чӣ кор мекардӣ, гӯй, – аз ин гуфтаҳо Самеъ андаке рӯҳ гирифту ҳиммати Ҳусейнро фаҳмидан хост: – Канӣ фаҳмем?
Ҳа, гӯй, нияти нағз – нағз-да, – гуфт.
– Ҳамин, чӣ гӯям... Аз ҳамин ҷо баромада, рост рафта аз рама якта гӯсфанди додома дошта, бурда ба ҳавлии Рашидино мебастам.
– Ҳай-ҳай! Ҳамаи ҳимматат ҳамин? Гумонам, ба вай хоҳарат Анора метӣ?
– Хайр, талабгор шавад, чиба надиҳам! Э, зинда монем шуд... Ба Рашид барин йигит ҳар кас духтар медиҳад.
– «Метиям» нагӯй, ҳеҷ набошад, «метиянд» гӯй, – боз луқма дод Самеъ. Сипас, илова кард: – Ҳа, ин гапи дигар...
Лекин додот бе се ҳазор қалин наметиянд... «Агар халос шавем, ба Самеъ ё Рашид метиям» гуфта ният кун, балки худо ягон раҳ нишон диҳад. Дар ноомади кор садақа ваъда мекунанд-ку!.. Э-э ҷӯраҷон, агар зинда мебаромадем... Анор аз они ман буд... Ба ҳеҷ кас дода наметавонистед... Э, афсӯс, ҷавон-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё