Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
марг шудем!
– Гапҳои беҳудая монед, – гуфт Рашид аз ҷо бархоста. –
Бетон, кам-кам бошад ҳам, барфро гирифта ба дарун
мепартоем.
Онҳо қариб ду соат дастони худро харошидаю тарошида
мушт-мушт барфу яхро канда гирифта ба дарону ғор
андохтанд. Сонӣ барфи мегирифтагӣ намонд – ҳама ях баста,
ба сангҳо часпида заранг барин сахт гашту ҳар се ночор
монданд. Дастҳояшон ҳам аз сармо ҷиз-ҷиз сӯзиш кард.
Онҳо дастҳои аз сармо сӯзишноки худро ба бағал зада,
дар кунҷе ба шах такья дода паҳлуи ҳам дароз кашиданд.
– Хап шинему фикр кардан гирем, одам девона шуданаш
осон аст, – гуфт Рашид. – Биёед, бо навбат ҳар кас ягон
саргузашт ё афсона мегӯем.
– Рост мегӯӣ, ҷӯраҷон... Ман ҳам навакак девона
мешавам-чӣ гӯён тарсидам. Дилам торс мекафам гуфт. Дар
бораи Анор гап занам, «гапи беҳудая мон» гуфтӣ...
– Ягон хел саргузашт гӯй.
– Ҳа, рост мегӯӣ, саргузашт мегӯем, – гуфт Ҳусейн.
– Ҳар кас ягон саргузашти ғалатӣ гӯяд, – Самеъ ба
шариконаш рӯ овард. – То рӯз саргузаштгӯӣ мекунем.
– Ман ягон саргузашти мегуфтагӣ надорам. Чӣ дидам?
Мактаб... Ана, ду сол боз дар омӯзишгоҳ, – гуфт Рашид. – Аз
китобҳои хондагиам ягон чиз нақл мекунам.
– Ман ҳам... Ҳеҷ чиз надида мемурем аз афташ, –
Ҳусейнро боз гирья гулӯгир кард.
– Не, ҳар кас ягон воқеаи ғалатиро, хоҳӣ аз сар гузарондагӣ, хоҳӣ шунидагӣ бошад, гӯяд. Аз ростӣ, набошад, дилам
торс мекафад, – гуфт Самеъ.
– Майлаш... Аввал ту сар кун, шояд ба ёди мо ҳам ягон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё