Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Санга мехурем-чӣ? Ғайри санг дар ин ғори сабил чӣ ҳаст?
– Як чиз-ним чиз ёфт мешавад. Ин хел дила бой додан даркор не. «Достони марди ҳақиқӣ»-ро хондагиед, медонед, ки Мересьев ба чӣ хел уқубатҳо тоб овард. Хӯрок ҳам ёфт, ҳаракат ҳам кард. Мо се кас! Агар қасд кунем, ҳар кор аз дастамон меояд.
– Кӣ вай худаш? Ҳамон марди гуфтагит? – пурсид Самеъ, ки аз олами китоб сирф бехабар буд.
– Лётчик. Самолёташ меафтад, ду пояш бекора, чандин шабу рӯз хазида, дар барф намурда меояд.
– Ҳеҷ кас набудааст?.. Чӣ мехӯрад?
– Алаф, пӯстлох...
– Қандаша занад! – Самеъ, ки имрӯз бағоят пакар буд, шуҷоати он мардро шунида, дарҳол авзояш дигар гашту аз ҷо бархост. – Зӯр задан даркор! Ман шахсан ба ҳар коре, ки фармоед, тайёрам!
– Ман ҳам, – гуфт Ҳусейн.
– Ман мегум, кам-кам барфа кофта, санг катӣ аз як лаб сангҳои афтодагира шиканем? А? Чӣ мегӯӣ? – Самеъ ба Рашид нигарист.
– Шаб кӯфта дидӣ-ку! – гуфт Ҳусейн.
– Ин ҳам фикри бад не, лекин ҳозир ду кори заруртар дорем, – гуфт Рашид. – Аввало, решаю бутта ҳаст, гиёҳ ҳаст, ёфта, ғами хӯрока хурем. Ана, дар қабати сангҳо ҳар хел решаҳо намоён, ҳатто бутта ҳам будаст. Сонӣ, ба мо чароғ даркор. Агар чароғ даргиронем, даруни ғора тафтиш карда, ягон хел асбоб ёфтан мумкин. Дар ин ғор хеле чиз ҳаст...
– Рост мегӯӣ. Дар ин ҷо одамон моҳҳои дароз зиндагӣ кардагӣ, – фикри ӯро қувват дод Самеъ. – Мегӯянд, ки вақҳои

пешина
аз 192
навбатӣ