Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

пеш...
– Балки нон-пони қоқ ҳам будагист?
– Рост, рост.
– Лекин чароға аз куҷо меёбӣ?! – ноумедона оҳ кашид
Ҳусейн. – Барои чароғ равған даркор, пилта даркор.
– Пилта, ана, як пора латта-дия, – домани пальтояшро
нишон дод Рашид.
Вай зӯр мезаду саҳифаҳои китобҳои хондагиашро ёд
меовард ва аз онҳо доир ба илоҷи ин сахтӣ чорае мекофт. Дар
назараш чунин менамуд, ки илоҷи осони наҷот ҳасту алҳол ба
хотир надорад. Гоҳ хаёлаш дар банди чӣ хел динамити тарканда сохтан печ мехӯрду гоҳи дигар дар қайди чигуна барфу
яхро бо усули кимёвӣ об кардан буд.
– Эҳ, ҳозир якта фонуси дастӣ бошад! Ҳӯ, генератораш
қуввати даст катӣ мегардад-ку! – гуфт Самеъ.
– Гапҳои беҳудара монед, – дилтанг шуд Рашид. – Аз
кори мешудагӣ гап занед. Хӯш, чӣ кор мекунем?
Онҳо боз ба фикр афтоданду хеле вақт хомӯш монданд.
– Наход имрӯз кофта набиёянд?! Бед, ҳар се баробар дод
занем, – боз як бор ба шарикон пешниҳод кард Ҳусейн.
– Бефоида. Аз берун овоз ояд, ки овози мо ба берун
барояд. Ин барф, аҷаб не, як қади одам, балки зиёд аст.
– Хуб, ту гап зан – чӣ кор кунем? – боз пурсид Самеъ ба
Рашид рӯ оварда.
– Гуфтам-ку, дар ғор реша ҳаст ё гиёҳ, ҳар чизи хӯрданира...
– Наход дар ҳамин ғор мурда монем-а, – гиряолуд фиғон
кард Ҳусейн.
– Кӣ медонад... То зиндаем, умедворем... – Рашид ҳам
худдорӣ карда натавонист, гиря гулӯгираш карду бе он, ки

пешина
аз 192
навбатӣ