Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
садое бароварад, ашки гарм рухашро шуст.
Самеъ ошкоро ҳиққос зада мегирист. Сонӣ ҳар се тан фиғон кашида гиристанд. Аз гиря чашмони ҳар се ҳам варам кард. Баъди он, ки муддаои табъ гиристанд, гӯё бори андӯҳашон сабуктар гашт ва лаҳзае осуда нишастанд ва беизтироб андешиданд.
Аз ҳама пеш Рашид фикрашро ҷамъ карду худро ба даст гирифт ва чашмонашро пок карду гулӯ афшонд ва бо овози бардам ба шариконаш рӯ овард:
– Агар ин хел мурдана фикр карда бишинем, мурда меравем. Ин – таъин, – гуфт вай бо оҳанги ҷиддӣ. – Дую дубора ин хел гапҳора ба ёд наоред, нагӯед!.. Бархезед, ягон чизи хӯрданӣ меёбем.
Вай аз ҷояш бархосту деворҳои ғорро палмосида як даста решаи тар канд. Сонӣ ба дарунтар ҳаракат кард. Самеъ ва Ҳусейн ҳам, агарчӣ ба ин кор ҳеҷ рағбате надоштанд, деворҳои сангинро бо дастонашон палмосида аз қафои вай ҳаракат карданд. Айвони андаке фарохтарро гузашта, ба дарун пой монданду торикӣ чунон ғализ гашт, ки чашмони каму беш ба торикӣ одат кардагии онҳо ҳам ҳеҷ чизро намедид.
– Даруни гӯр ҳам ин хел торик набудагист, – гуфт Самеъ оҳиста.
Аз девори сангин шилдиррос зада чашма ҷорӣ буд.
Рашид бо кафи дасташ аз оби он хӯрда таъми онро муоина кард.
– Оби ширин, – гуфт вай. Сонӣ таъкид кард: – Эҳтиёт...
Мабодо об ғун шудагӣ бошад, наафтед. – Сонӣ гӯё худ аз худ савол мекарда бошад гуфт: – Ҳамин об ба куҷо меравад?..
Аҷаб не, роҳ ёфта берун мебарояд. – Вай лаҳзае ба ҳамин об ҳасад бурд – балки он дунёи равшанро мебинаду вай не.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё