Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аслан, таҳқири Ҳусейн беасос ва тӯҳматомез буд. Дар деҳа хурду калон медонистанд, ки баъди таваллуди Самеъ миёни падару модараш носозӣ афтода, аз ҳам ҷудо шудаанд.
Падар дар сари қаҳру ҷаҳл «ин фарзанди ман не» гуфтааст.
Аммо бадраҳагии ҳамсари ӯро азбаски ҳеҷ кас гумонбар набуд, ин даъворо дашноми ҷаҳлонаи марди аҳмақ ҳисобиданду бас. Вале баъзе кӯтоҳандешон дар сари ҷангу ситез ҳанӯз ҳам инро дастак карда, ба тӯби онҳо неш мезаданд. Кӣ медонад, балки бо ҳамин таҳқир сабуксорони дигарро огоҳ мекардагистанд, ки деҳа ҷои ҳарзаву сабуксорӣ нест. Беҳуда намегӯянд, ки духтарам ба ту мегӯям, арӯс, ту шунав!
Ҳусейну Самеъ ду рӯз қаҳрӣ буданд. Рӯзи сеюм Рашид онҳоро оштӣ кард... Сонитар вай аз ин кори худ афсӯс хурд.
Агар бо ҳам ҷангӣ монанд, балки беҳтар буд. Аммо кӣ кафил мешавад, ки онҳо ҷангӣ мемонанд?!

Б о б и ч о р у м

Ҷонвари номаълум. Ҳар хел шубҳаҳо. Алав даргирифт!

Рӯзи сеюм ва чорум ҳам онҳо шифту деворҳои ғорро кофта, решаю гиёҳҳои ёфтагиашонро хӯрда рӯзро бо ҷустуҷӯ, шабро бо варзиш ва хоби ҳаром гузаронданд. Як кӯзаи шикастагӣ ҳам ёфтанд, ки он барои обхӯрӣ кор дод. Онҳо пеши оберо, ки аз рӯи шахи девор таровида мерехт, баста, ҳавзчае сохтанд, ки ҳоло аз он ба кӯза об гирифта мехӯрданд. Рашид мегуфт, ки меъдаро бо об пур кунед, гуруснагиро ҳис намекунед. Онҳо зӯр ба зӯракӣ об мехӯрданд. Ҳоло ҳар яке соат ба соат заифтар гаштани ҷисми худро ҳис мекард. Ба назар чунин менамуд, ки онҳо муддатҳо дар ин ғор зиндагӣ доранд.

пешина
аз 192
навбатӣ