Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чашмашон ҳам гӯё ба торикӣ одат кардагӣ барин, палмосидапалмосида ҳар чизи дар сари роҳашон будагиро меёфтанд. Рашид мегуфт, ки ангуштони дасти одам ҳам каму беш қувваи биноӣ дорад, аммо ба ин гапи ӯ шариконаш тамасхур намуданд. Самеъ гуфт:
– Ту, ҷӯра, кам-кам ақлата хӯрдӣ... Аз ин хел гушнагӣ одам ҳар чӣ мешавад.
Рашид, аз чӣ бошад, барои исботи суханаш кӯшиш накард. Вай ҳис мекард, ки рӯзҳои аввал шариконаш умедвор буданд, ки ӯ илоҷи аз ин ғор халос шуданро меёбад. Бинобар он, ба вай муносибаташон дигархелтар буд. Акнун диданд, ки аз дасти вай ҳеҷ кор намеояд, боз монанди пештара ӯро «Ғирғирак», «Камхун» гӯён ном мебурданд. Ба Рашид ин хел муомилаи онҳо сахт расад ҳам, намеранҷид. Вай мехост, чорае ёбаду аҳволи шариконашро сабуктар кунад. Ӯ ба ҳамин ният имрӯз Ҳусейну Самеъро ташвиқ кард, ки ҳамроҳаш ба дарунтари ғор раванд. Азбаски даруни ғор беҳад торик буд, ӯ то онҳоро розӣ кардан хеле дилхун шуд. Тарси онҳо ин буд, ки агар ғор панҷа зада бошад, дар бозгашт раҳгум мезананду даромадгоҳро гум мекунанд.
Оқибат Рашид пеш-пеш, он ду тан аз қафо дасти якдигарро дошта деворҳоро палмосида ба дарун ҳаракат карданд.
Онҳо бо нӯги пой пеши роҳашонро чандинбора санҷида, сипас қадам мегузоштанд. Даруни ғор гоҳ фарох, гоҳ танг буд.
Онҳо девору шифт ва зери пояшонро палмосида, ҳар чизи ба решаю алаф ё ҳезум монандро ғун мекарданд ва дам ба дам ба сӯи даромадгоҳ менигаристанд. Метарсиданд, ки онро гум мекунанду дар ин торикии зулмот мемонанд.
Онҳо аз даромадгоҳ ҳамагӣ қариб 20 метр дарунтар рафта буданд, ки ногаҳон Ҳусейн бо фарьёди ҷонкоҳонае саҳл

пешина
аз 192
навбатӣ