Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

монд онҳоро заҳракаф кунад. Аз зери по решаю алаф ҷустаравон якбора «вой, очаҷон!» гуфту худро бо шаст ба қафо андохт. Самеъ ва Рашид ҳам беихтиёр худро ба сӯи даромадгоҳ
заданашонро нафаҳмида монданд.
– Чӣ гап?.. Чӣ шуд? – дар ҳолате, ки дилаш аз сина берун
ҷаҳам мегуфт, пурсид Рашид.
– Ким-чӣ... – дарақ-дарақ ларзида ба он сӯ ишора кард
Ҳусейн.
Самеъ гӯё аз забон монда буд, ҳарфе назада худро ба
барфи даҳани ғор ҷафс гирифта буд ва бо даҳшат ба дарун
менигарист.
– Ким-чиат чӣ, дуруст гап зан!
– Намедонам... Ҷонвар барин... Якбора... дастам расид...
Онҳо то бегоҳ Ҳусейнро гаштаю баргашта пурсуков
карданд. Рашид наздиктар рафта ба дарун гӯш дод, аммо чӣ
будани он чизро фаҳмида натавонистанд.
– Ба фикрат, ҳамон чиз мурда буд ё зинда буд? – мепурсид Рашид.
– Намедонам.
– Ягон кас мурдагӣ, – тахмин мекард Самеъ.
– Мӯяш ҳаст, – тахмини ӯро қувват медод Ҳусейн.
– Бе чароғ чӣ будани ӯро фаҳмидан мушкил. Ё чароғ ё
алав даркор аст, – Рашид гумону тахмини бекораро бас кунед
гуфтанд хост.
Тамоми рӯз мавзӯи гуфтугӯӣ онҳо ҳамин буд. Рашид боз
як бор ба дарунтари ғор рафта хеле вақт хомӯш нишаста гӯш
дод, аммо аз он «ҷонвар»–и Ҳусейн ҳеҷ садое намебаромад.
Ба пеш рафтан ҷуръат накарду қадре ҳезуми хушк ва хасу
хошок ёфта овард.
Рашид баъд аз ин дар паи оташу чароғ афтод. Вай тамо-

пешина
аз 192
навбатӣ