Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
– Як пула одам мешудӣ... – гуфт Самеъ даст афшонда.– Аз ту ҳеҷ фоида намедидаем.
Онҳо то хеле вақт аз орзую реҷаҳои худ гуфтугӯ доштанд. Дар охир сухан боз ба сари халосӣ омаду усулҳои тахминии кушодани даҳани ғорро муҳокима карданд. Дар ин бобат ҳарчанд қувваи хаёли худро ба кор андохтаанд, ҳеҷ умеди тасаллибахше наёфтанд.
Рашид чун ҳамеша ба кофтани таҳи дар машғул буд, вале ин бор ба он ҷо нишасту вуҷудашро арақи сард пахш кард, сараш гирд гашту чашмонаш сиёҳӣ заданд. Лаҳзае овози шариконаш ба гӯши вай гӯё аз дур мерасид. Чанд муддат ба ин минвол монд, вай надонист, зеро хоб рабуду соате ғунуда гирифт.
Аз хоб чашм кушоду муддате беҳаракат ёзида дар банди хаёл печид: ӯ як насиҳатеро, ки падараш сари ҳар сухан таъкид дошт, ёд овард: “Ба кас дустӣ кун, дӯстата аз даст мадеҳ, дар дунё агар сад дӯст дошта бошӣ ҳам, кам аст...” Сонӣ афсонаи марди савобталабро мегуфтанд. Гӯё марде мемираду гуноҳи савоби вайро баркашанд, баробар омадаст. Гуфтаанд, ки бирав мард, арзан барин савоб ёфта биё, туро ба биҳишт раҳ медиҳем. Мард назди додош рафта “аз савобатон арзан барин диҳед” гуфтаст. Додош гуфтаст, ки савоби худам ҳам аз гуноҳам камтар аст, дода наметавонам. Мард назди очаш рафтаст. Очаш ҳам гуфтаст, ки гуноҳу савобаш бар-баробар аст, ҳеҷ илоҷи кам кардан надорад. Мард ғамгин дар роҳ мерафтаст, ки як нафар дӯсташ пеш омадаст. “Ҳа, чиба ин қадар бедимоғӣ?” гӯён пурсад, ҳодисаро ба вай маълум кардаст. “Э, барои ҳамин ҳам ғам хӯрдӣ, дӯстам, – гуфтаст вай ба китфи ин зада. – Буду шуд арзан барин савобам ҳаст, бигир, ҳамуна ба ту бахшидам!..” Мард ба биҳишт рухсат гирифтаст. Як замон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё